Пайвандҳои дастрасӣ

Камбуди ғизо ҳам кишварҳои сарватманд ва ҳам камбизоатро ба ташвиш овардааст, зеро тақозои рӯзафзун ба ашёи хом ба монанди маводи сӯхт, ғалла, ҷуворимакка ва биринҷ нархи маводи озуқаро боло бурдааст.

Амнияти ғизоӣ барои кишварҳое, ки нооромиҳои сиёсӣ, хушксолӣ ва ҷангҳоро пушти сар кардаанд, чизи нав нест. Вале барои аввалин бор аз солҳои ҳафтодуми қарни гузашта ба ин тараф коршиносон дар бораи оғози давраи камбуди саросарии ғизо ҳарф мезананд.

Нархи гандуму шир ба баландтарин сатҳ расидааст. Мисли он қимати гӯшт, биринҷ, қаҳва ва дигар маводи ниёзи аввалия то ба панҷоҳ дар сад ва бештар аз он боло рафтааст.

Ходими Созмони ғизо ва кишоварзии СММ Абдулризо Аббосиён мегӯяд, оҳиста- оҳиста ҷаҳон ба таҳлука меафтад.

Ба навиштаи рӯзномаи "Файненшел таймс" чопи Лондон, дар баъзе ҳолатҳо болоравии нарх муваққатист ва сабаби он, масалан, хушксолӣ дар Австралия ва ё маргу мири чорвои хонагӣ дар Чин мебошад. Аммо рӯзнома менависад, аз сӯе ҳам болоравии доимии нархи баъзе маводро наметавон нодида гирифт. Кишварҳои Чину Ҳиндустон, ки ҳар яке беш аз як миллиард аҳолӣ доранд, ҳар чӣ бештар сарватманд шуда, ғизои бештар истеъмол менамоянд. Дар баробари он ИМА ҳар сол миқдори зиёдит ҷуворимаккаро ба маводи сӯхти биологӣ табдил дода, имкон намедиҳад, ки нархи ҷуворимакка ва маҳсули он поин равад.

Сандуқи байналмилалии пул мегӯяд, болоравии нархи ғизо ба иқтисоди кишварҳои нисбатан камбизоат таъсири манфӣ мегузорад.

Кишварҳои содиркунанда ҳам ба таҳлука афтида, саъй доранд, бо ҳадафи ҳифзи бозори дохилӣ фурӯши таъоруфаҳои иловагии содиротӣ ҷорӣ намоянд.

Дар давоми ним соли оянда дар Русия интихоботи Думаи давлатӣ ва президенти кишвар барпо хоҳад шуд. Ҳукумат аз хавфи гум кардани овозҳои раъйдиҳандагон дар ташвиш буда, боҷи содироти гандуму ҷавро муқаррар кардааст. Ҳамзамон зери фишори Кремл фурӯшандагони рус ризоят додаанд, ки нархҳоро бетағйир гузоранд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе шореҳон мегӯянд, эҳтимол соли оянда кишварҳои пахтакор дар заминҳояшон гандуму ҷави бештар коранду нархи онро дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин баранд. Аз ин рӯ, шояд ин ҳадди ақалл як хабари хуш ба кишоварзони тоҷик бошад, зеро камбуди пахта метавонад, нархи онро боло барад.

XS
SM
MD
LG