Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон шиканҷаву истинтоқ нест?


Ин зан аз Тоҷикистон нест

Ин зан аз Тоҷикистон нест

Мавориди шиканҷаи боздоштшудаҳо ва сӯйиистифода аз мақоми хидматӣ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон 50 % коҳиш ёфтааст.

Вале бо ин вуҷуд танҳо дар соли равон 25 парвандаи ҷиноӣ алайҳи кормандони мақомоти интизомӣ боз шуда ва аз он миён 15 милиса маҳз дар шиканҷаи боздоштшудаҳо ҳангоми тафтишот ва берун шудан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам мешаванд.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов иқрор мекунад, ки гоҳе кормандони милисаи тоҷик ҳангоми пурсуҷӯи муттаҳамон аз усулҳои ғайриқонунии водоркунӣ дар аснои тафтишот истифода мебаранд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз шуморе аз милисаҳои худсар аз мақомҳояшон барканор ва гурӯҳе равонаи зиндон ҳам шудаанд.

Ва аммо додситонии кулли Тоҷикистон иддао дорад, ки дар ин кишвар мавориди шиканҷа аслан ба қайд гирифта нашудааст. Ба назари додситони кулл Бобоҷон Бобохонов, шиканҷаро аз истифодаи усулҳои мамнӯъ ё ғайриқонунӣ дар кори тафтишот мебояд фарқ кард. Додситонӣ ҳам бо ҷурми истифода аз усулҳои ғайриқонунӣ дар тафтишот дар солҳои ахир садҳо нафарро боздошт кардааст:

Б. Бобохонов:

«Ҷинояте мисли шиканҷа дар Тоҷикистон алҳол содир нашудааст, аммо мавориди истифода аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот, мисли зӯроварӣ, боздошти беасос ва нигаҳдории аз мӯҳлат зиёд вуҷуд доранд. Шиканҷа бошад, мафҳуми дигар аст. Ҳар вақте ҳамкорони мо дар нишастҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд, аз онҳо суол мешавад, ки чаро дар кишвари шумо шиканҷа бисёр аст? Миёни шиканҷа ва истифода аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот фарқи зиёд аст. Ҳодисае чун боздошти ғайриқонунии инсон, нигаҳдории ӯ дар даҳлезу утоқҳои корӣ то даҳ рӯз, зӯроварӣ нисбат ба муттаҳамон бас зиёд ошкор шудаанд ва солона мо то сад парвандаи ҷиноиро дар ин иртибот ба додгоҳ равона мекунем.

Ва аммо шиканҷа ин аст, ки муттаҳаме бо истифода аз дастгоҳҳои махсуси зӯроварӣ истисмор мешавад. Чунин дастгоҳҳо айни ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд надоранд».

Бояд гуфт, ҳарчанд дар Кодекси ҷиноӣ, ё қонуни кайфарии Тоҷикистон, банди махсусе бо исми «шиканҷа» вуҷуд надорад, аммо муҷозот барои шиканҷаву истинтоқи инсон пешбинӣ шудааст. Расонидани зарари ҷисмониву маънавӣ бо ҳадафи водорнамоии шаҳрванд ба додани баёнот дар вақти тафтишот тибқи кодекси мазкур манъ аст. Аз ин рӯ, ҳуқуқшиносон, минҷумла вакилони мудофеъ мегӯянд, шиканҷаву истинтоқ аз истифодаи усулҳои мамнӯъи кори тафтишот мантиқан фарқ намекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, шаканҷаву истинтоқ дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз як мушкили умда ҳисоб мешавад ва ин ҳам дар ҳоле ки ин кишвар як қатор санадҳои байналмилалиеро қабул ва тасвиб намудааст, ки истифода аз зӯроварию муносиботи ғайриинсониро манъ мекунад. Ҳамзамон ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳеҷ ниҳоди мустақил аз мақомоти тафтишотӣ вуҷуд надорад, то ба баррасии далелҳои шиканҷаву зӯроварӣ машғул шавад.

Мадина Усмонова, намояндаи Дафтари ҷумҳуриявии ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, мегӯяд, мавҷудияти мавориди шиканҷаву озоррро ҳамчунин кумитаи соҳавии Созмони Милали Муттаҳид низ иқрор мекунад:

«Бар асоси гузориши миллӣ оид ба иҷроиши санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон аз сӯйи Тоҷикистон, Кумитаи Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон тавсияҳо интишор кард. Дар ин санад гуфта мешавад, ки Кумитаи мазкур аз истифодаи таҷрибаи истинтоқу озор аз сӯйи муфаттишону масъулини ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон бас нигарон аст. Ба Тоҷикистон тавсия дода шудааст, чораҳои заруриро дар робита ба ҷилавгирӣ аз шиканҷаву зӯроварӣ биандешад, ба шикояти шаҳрвандон дар мавриди зӯроварию озор аз сӯйи афроди мансабдор, бетаъхир ва одилона расидагӣ кунад. Ва ҳамзамон афроде, ки дар шиканҷаву зӯроварӣ даст доранд ба муҷозот кашида шуда, барои қурбониёни шиканҷа ҷубронпулӣ дода шавад».

Ва аммо дар ҳоле ки мақомоти расмии Тоҷикистон мавҷудияти далели шиканҷаву зӯровариро инкор мекунанд, оё то куҷо тавсияҳои Созмони Милал мавриди иҷро қарор мегиранд, суоли дигарест, ки муаллақ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG