Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cомонӣ беқурб мешавад


Гибель Магомеда Евлоева вызвала массовые протесты ингушской оппозиции
Гибель Магомеда Евлоева вызвала массовые протесты ингушской оппозиции

Сатҳи таваррум, ё худ беқурбшавии пули миллии Тоҷикистон тайи се моҳи ахири соли равон ба 12, 4 дарсад афзуда, ба қурби сомонӣ таъсири амиқ гузоштааст.

Ҷумъа Эшов, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, то моҳи июли соли равон қурби сомонӣ устувор буд, аммо баъди боло рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозори ҷаҳонӣ якбора коҳиш ёфт. Ӯ гуфт, аз рӯи нақша сатҳи таваррум дар ҳудуди 9 % пешбинӣ мешуд, аммо моҳи июл нархи ҷаҳонии орд, гандум ва сӯзишворӣ афзуду ба сатҳи таваррум таъсири ҷиддии худро гузошт. Ба қавли ҷаноби Эшов, ин падида на танҳо хоси Тоҷикистон, балки тамоми минтақа аст.

Оқои Эшов гуфт, моҳи сентябр сатҳи таваррум 6,3 дарсадро ташкил додааст. Муовини аввали раиси Бонки миллӣ гуфт, сатҳи таваррум то охири солро наметавон пешбинӣ кард ва поёну болоравии он марбут ба нархҳои бозори дохиливу хориҷӣ аст.Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, сохтори таваррум аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти хӯрока 15, ғайрихӯрока 4 ва хадамоти пардохтӣ 16 дарсадро ташкил додааст.

Аз муомилот хориҷ шудани пули майда, аз қабили 5 дирамаро низ коршиносон нишонаи беқурбшавии сомонӣ арзёбӣ мекунанд. Тибқи иттилоъи Бонки миллии Тоҷикистон, алҳол дар кишвар 220 миллион сомонӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки аз ин ҳудуди 5 дарсадро тангаҳои филизии аз 5 дирам то 3 сомониро ташкил медиҳанд.

Аҳмадҷон Шарифҷонов, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли пурра аз муомила хориҷ шудани 5 дирамаҳои коғазиву филизӣ ба сатҳи таваррум таъсири ҷиддӣ ворид намегардад.

XS
SM
MD
LG