Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қудратҳои ҷаҳонӣ: Ишқ ва нафрат


Эрон ва ба думболи он Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори кишварҳое афтоданд, ки тибқи назарсанҷии Бунёди Геллап, мардум дар сартосари ҷаҳон хоҳони коҳиши қудрати онҳо будаанд.

Тадриҷан ва хеле ба оҳистагӣ таъсири кишварҳое дар умури ҷаҳон бештар мешавад, ки дар афкори умум ба тавоноии ҳарбӣ пайванд надоранд. Пурсишҳои Бунёди Геллап нишон додаанд, ки масалан, аксари мардум дар 52 кишвари гуногуни олам ба қомат кашидани Ҳиндустон, Африқои Ҷанубӣ ва Бразил дар саҳнаи ҷаҳон хушбинанд. Ин афрод хостори афзоиши қудрат ва таъсири ин давлатҳо мебошанд. Онҳо баракс дар орзуи коҳиш ёфтани қудрати Эрон, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин ва Иттиҳоди Аврупоянд. Албатта, тибқи натиҷаҳои пурсиши афкор, нафрат ё муҳаббат ба ин қудратҳо дар ҳар кишвар фарқ мекунад, ҳарчанд хулосаи умумӣ ин аст, ки дар оянда набояд, давлате, ки аз лиҳози низомӣ ва иқтисодӣ ва ё аз лиҳози яккатозӣ, худдонамӣ ва саркашӣ қавитарин аст, нақши асоситарро бибозад. Таваҷҷӯҳ ба давлатҳое зиёдтар мешавад, ки онҳоро ба истилоҳ "гиёҳхор" номидаанд, яъне онҳое ки ба силоҳ ва сарвати худ такия надоранд, аммо симои некашон имкон медиҳад, дар кори ҷаҳон саҳм бигиранд ва ҷаҳонро ба ҷои хубтару беҳтаре табдил диҳанд. Вақте аз 57 000 нафар дар сартосари ҷаҳон пурсида шуд, оё мехоҳед, таъсири кадом кишвар камтар ва аз кадом кишвар бештар шавад, 39% хостори коҳиши таъсири Эрон, 37% -- Амрико, 32%д --Чин шуда, 29 дарсад коҳиши нуфузи Русияро орзу карданд. Дар ин ҷадвали ишқу нафрат, қудратҳои "гиёҳхор" ва то андозае Иттиҳоди Аврупо ишқи бештар ва нафрати камтар ба худ кашиданд. Ҳамн пурсишро ҳамкори мо дар Душанбе, Аслами Мӯъминзод бо раҳгузарон дар миён гузошт ва чунин натиҷаҳо ба даст омад:

- Русия ва Ҳиндустонро дӯст медорем.
- Русия, Чин, хайр Амрико ҳам ҳоло бад не.
- Эрон, форсизабонони худамон.
- Чин ва кишварҳое, ки бо мо шариканд.
- Амрикоро барои президентан бад мебинам.
- Русия, ҳамчун дӯсти замони шӯравии мо.
- Барои як кас шуда набояд Амрикоро бад дид.
- Аз ҳам хубаш Ҳиндустонай.
- Русия ва Эрон
.

Коршиноси тоҷик, Марат Мамадшоев мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон таъсири равандҳои ҷаҳонӣ бо таъхир намудор мешаванд, метавон гуфт, баъд аз як давраи дунёи якқутба, ки ҷойгузини рақобати ду низом буд, ҳоло андак-андак тавозуни нисбии қудратҳои ҷаҳонӣ эҳсос мешавад: "Ба фикри ман, чӣ қадар кишвари зиёд, нирӯи зиёд ва ҳатто қудратҳои минтақаӣ ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ пайдо кунанд, ҳамон андоза хуб аст. Муҳим ин аст, ки рақобатҳо бояд дар заминаи созишҳои баробар ва шаффоф, на пасипардагӣ сурат бигиранд. Аз ин, ба фикрам, мардуми Тоҷикистон фақат бурд мекунад."

Иттиҳоди Аврупо ба истилоҳи "қудрати нарм" такия мекунад.
Ба ақидаи таҳлилгарон, Тоҷикистон зимни мавқеъияти ҷуғрофӣ ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон ба назаргоҳу гузаргоҳи қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ табдил ёфтааст. Аммо аз қудратҳои, ба истилоҳи нав "гиёҳхор", танҳо Ҳиндустон талош дорад, дар ин чорсӯи Роҳи Бузурги Абрешим ҷои по пайдо кунад. Бақия бозингарон -- Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳида ва Эрон аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки дар гузориши Геллап бештар мавриди танаффури ҷаҳониёни мебошанд. Русия -- вориси ҳокимияти коммунистии Маскав, Чин -- табассуми роҳсозон ва молҳои арзон, Иёлоти Муттаҳида -- доллар ва кӯмакҳои башардӯстона, Эрон -- ҳамзабонӣ ва муштаракоти фарҳангӣ. Бо вуҷуди он ки Иттиҳоди Аврупо як барномаи махсуси ҳамкорӣ бо Осиёи Марказиро ба Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа ҳамоҳанг сохт, таъсири он дар умури минтақа ҳанӯз ночиз аст. Нафиса Ҳасанова, пажӯҳишгари Маркази мутолиоти Аврупо дар Берлин, мегӯяд, азбаски сиёсати ягонаи Иттиҳоди Аврупо дар бисёр масъалаҳо дар ҳоли шаклгирист, таъсири он дар умури ҷаҳон бештар ҳолати "қудрати нарм"-ро дорад, ба хусус дар ташаббусҳои зидди тағйири иқлим ва ҳифзи муҳити зист.

Як вижагии таъсири Иттиҳоди Аврупоро бунёди Геллап дар он мебинад, ки то пазируфта нашудани қонуни асосияш ин созмон ҳолати қонунмандии комилро надорад. Вале аммо то куҷо натиҷаҳои ин пурсиши афкори ом аз орзу ба воқеъият бадал шуда метавонад ва оё бо дуои коҳиши қудрати яке ва афзоиши таъсири дигаре "борони раҳмат" хоҳад борид? Муаллифони гузориш дар посух як андарзи Мэрӣ Робинсон, президенти пешини Ирлонд ва собиқ кумисионери олии ҳуқуқи башари Созмони Милалро овардаанд, ки афкори умумро "абарқудрати дуввум" номида буд.

XS
SM
MD
LG