Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти созиши ҳарбии Маскав ва Душанбе


Баъд аз нашри ахбор роҷеъ ба талоши Кремл ҷиҳати ба тасвиб расонидани Созишномаи миёни Русия ва Тоҷикистон дар мавриди истифодаи муштарак аз нерӯҳои низомии ду кишвар дар маҳофили мухталифи Тоҷикистон акнун ин суол матраҳ шудааст, ки зарурати чунин қарордод дар сурати узвияти ду кишвар дар Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ чӣ буда ва андозаи суду зиёни он барои Тоҷикистон чӣ хоҳад буд.

Бахши аъзами таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин қарордод намунае аз қудратталабии Русия ва талоши он барои эҳёи дубораи нуфузи аздастрафтааш аз як сӯ ва аз сӯи дигар талоше дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз густариши нуфузи Амрико ва Ғарб дар минтақа мебошад. Нуралӣ Давлат, таҳлилгари тоҷик, мегуяд, Кремл талош дорад ҳадди ақал нуфузи худ дар маҳдудаи шӯравиии пешинро ҳифз кунад ва ин иқдом талошест барои бозгардонидани Тоҷикистон ба таҳти нуфӯзи Кремл.

Бархе дигар аз коршиносон мегуянд, то ҳол ҷузъиёти ин Қарордод маълум нашудааст, аммо ба ҳоли иҷро даромадани он дар ҳар ҳолат ҳам ба сурати табиӣ вобастагии Тоҷикистон аз Русияро афзоиш хоҳад дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки бузургтарин пойгоҳи низомии хориҷии Русия дар Тоҷикистон мавҷуд аст. Аммо Аҳмадшоҳи Комилзода, коршиноси дигари тоҷик, мегуяд созишномаҳои дуҷониба дар шароити мавҷудияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ амали зарурӣ нест ва беҳтар аст, қарордодҳои амниятӣ дар чаҳорчуби ин созмон амалӣ шавад, то афзоиши вобастагии Тоҷикистон ба Русия бештар нашавад.

Бо вуҷуди ин суоли дигаре, ки матраҳ мешавад ин аст, ки кадом ангеза ва авомили эҳтимолие Тоҷикистонро барои имзои чунин қарордоде водоштааст? Коршиносон мегуянд, гурӯҳҳое, ки дар минтақа ба ҳукумати худ солҳои тӯлонӣ идома медиҳанд, тавассути додани имтиёз ба қудратқои минтақаӣ ва фароминтақаӣ мехоҳанд ба умри ҳукуматҳои худ биафзоянд. Дар ҳар сурат, мегӯянд коршиносон, ошкор шудани ҷузъиёти Созишномаи миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди истифодаи муштарак аз нерӯҳои низомии ду кишвар ва шароити истифодаи ин нерӯҳо ба суолҳои бештаре посух хоҳад гуфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG