Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи нави мактабҳои динии Тоҷикистон


Имрӯз дар мадрасаи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи давраи бозомӯзии муаллимони макотиби динии Тоҷикистон ҷиҳати таълим аз рӯи барномаи нави таълимӣ баргузор гардид.

Амонуллоҳи Неъматзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, дар ин маросим суханронӣ карда, ҳама пайравони дини Исломро дар ин кишвар даъват намуд, ки ягонагии эътиқод ва назару ҷаҳонбинии худро нигоҳ доранд. Ӯ ба хотири дар байниҷавонони мусалмони кишвар ҷудоӣ наандохтани пайравони навбаромади равияи Салафия аз муаллимони мадраса тақозо кард, ки дар ҷараёни таълим ҳамеша ба шогирдонашон ихлосмандии мусалмонони Тоҷикистонро ба равияи Ҳанафия ва авлавияту ягонагии ин мазҳаб дар кишварро таъкид намоянд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки вориднамоии барномаи нави таълимӣ дар макотиби миёнаи динии кишвар имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мавқеъи системҳои омӯзишии дунявӣ ва динӣ наздик шаванд.

Гуфта мешавад, то ҳоли ҳозир дар макотиби исломии Тоҷикистон таълим аз рӯи барномаи таълимии ҳанӯз аз асри 16 дар мадрасаҳо роиҷ бурда мешуд.

XS
SM
MD
LG