Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи нави таълимии макотиби миёнаи динӣ


Мадрасаи Ҳисор (асри 18)

Мадрасаи Ҳисор (асри 18)

Бо дастури Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, дар мактабҳои миёнаи динии кишвар барномаи нави таълимӣ ҷорӣ мегардад, ки 30 дарсади он аз омӯзиши илмҳои муосир иборат хоҳад буд.

Раҳбари мусалмонони Тоҷикистон ахиран ҳама пайравони дини исломро дар ин кишвар даъват намуд, ки ягонагии эътиқод ва назару ҷаҳонбинии худро нигоҳ доранд.

Ин даъвати худро шайх Амонуллоҳи Неъматзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, имрӯз дар расми ифтитоҳи давраҳои такмили ихтисоси омӯзгорони макотиби мутавасситаи динии кишвар дар мадрасаи шаҳри Душанбе ироа намуд. Ба гуфтаи ӯ, пайравони навбаромади ислом, ки дар кишварҳои арабӣ таҳти таъсиру нуфузи ҷараёни салафия қарор гирифтанд, кушиш мекунанд, то байни мусалмонони тоҷик ҷудоӣ андозанд. Ин ҳам дар ҳолест, таъкид кард ӯ, ки мусалмонони тоҷик таърихан пайравони ҷараёни ҳанафия мебошанд.

Ӯ ҳамчунин ҳушдор дод, ки кӯшишҳои ҷудоиандозӣ барои мусалмонони кишвар натиҷаи ҳузнангезро дар пай хоҳанд дошт. Неъматзода ба ҳамин сабаб аз муаллимони мадраса тақозо кард, ки дар ҷараёни таълим ҳамеша ба шогирдонашон ихлосмандии мусалмонони кишвар ба равияи ҳанафия ва авлавияту ягонагии ин мазҳабро дар Тоҷикистон таъкид намоянд. Ҳамчунин зикр гардид, ки вориднамоии барномаи нави таълимӣ дар макотиби миёнаи динии кишвар имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон мавқеъи системҳои омӯзишии дунявӣ ва динӣ наздик шаванд.

Чунонки коршиноси динӣ Саид Аҳмадов тазаккур дод, ин барнома ба он равона гардидааст, ки таъсири равияҳои дигари исломро ба ҷавонони Тоҷикистон роҳ надиҳад ва ягонагиро дар байни мусалмонони он таъмин намоянд. Гуфта мешавад, феълан 12 омӯзгор аз мадрасаҳои кишвар дар давоми 4 моҳ бо барномаи нави таълимӣ ошно гардида, сипас дар кори худ аз он истифода хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Фаредун Ҳодизода, раҳбари лоиҳаи «Диалог дар Тоҷикистон», то ҳоли ҳозир дар макотиби исломии Тоҷикистон таълим аз рӯи барномаи таълимии ҳанӯз аз асри 16 дар мадрасаҳо роиҷ бурда мешуд. Оқои Ҳодизода афзуд, ки санади мазкур дар тамоми Осиёи марказӣ барномаи нахустинест, ки бар асоси он таълим дар макотиби мутавасситаи динӣ ба шароити замон мутобиқ карда мешавад ва дар баробари ҷудо шудани бахши аъзами таълим ба омӯзиши асосҳои дини ислом 30%-и он ба азбарсозии илмҳои муосир равона мегардад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG