Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази фарҳангии Қазоқистон – дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, маркази фарҳангии Қазоқистон ифтитоҳ гардид.

Дар маросими кушодашавии ин марказ сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Эрлан Абилдаев сувханронӣ карда, расман онро боз кард. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки солҳои ахир дӯстии ин ду халқи минтақаи Осиёи марказӣ қавитар гардидааст, ки дар ин амри хайр саҳми фарҳанги ин миллатҳо хеле зиёд будааст. Э. Абилдиев дар суханронии худ ҳамчунин изҳори умедворӣ кард, ки ҳадафи аслии Маркази фарҳангии Қазоқистон дар Тоҷикистон ин тарғибу ташвиқи паҳлуҳои рангини фарҳанги қазоқ дар ин кишвар буда, таҳкимбахшии муносиботи фарҳангии ду миллати аз қадим бародар аз рисолатҳои аслии ин марказ мебошад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон то соли 2000-ум ҳудуди 900 қазоқ ба сар мебурд. Бо ифтитоҳи ин марказ дар маркази шаҳри Душанбе ҳамчунин барои қазоқҳои инҷо мактаби базавии забони таълимаш қазоқӣ гушоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG