Пайвандҳои дастрасӣ

Хатлон: афзоиши додугирифт бо кишварҳои хориҷӣ


Гардиши мол миёни вилояти Хатлон ва кишварҳои хориҷӣ тайи 9 моҳи соли равон ҳудуди 265 милиён долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи раиси идораи гумруки вилоят Абдуназар Қурбонов, дар ин давра аз вилоят ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи беш аз 60 милиён доллар молҳои мухталиф, аз қабили пахта, пилла ва масолеҳи кишоварзӣ содир карда шуддааст.

Молҳои аз хориҷ ба вилоят воридшуда дар ин муддат 204 милиён долларро ташкил намудааст, ки назар ба соли гузашта ду барорбар бештар будааст.

XS
SM
MD
LG