Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара амалиёт дар шимоли Ироқро баррасӣ мекунад


Мақомоти Туркия имрӯз ба баррасии нақшаи амалиёти низомии эҳтимолӣ дар шимоли Ироқ шурӯъ карданд. Ҷамил Чичек – муовини сарвазири Туркия иттилоъ дар бораи ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ ба пойгоҳҳои Ҳизби коргарони Курдистон дар шимоли Ироқро тайид намуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин ҳамла – интиқом барои куштори дасти кам 12 сарбози кишвар аз сӯи мусалалҳони курд буд.

Дирӯз Нурӣ ал Моликӣ - сарвазири Ироқ изҳор кард, ки мақомоти кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаи мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон ба қаламрави Туркия чораҳои оҷил меандешанд.

XS
SM
MD
LG