Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли неруҳои иловагӣ ба ғарби Покистон


Ҳукумати Покистон ба манотиқи қабоилнишини марз бо Афғонистон ба таври иловагӣ дуву ним ҳазор неруи низомӣ интиқол дод. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, онҳо дар мавзеъҳое мустақар хоҳанд шуд, ки аъзои гурӯҳи ифротгарои “Тариқ Нифози Шариат” панаҳ бурдаанд ва пайваста ба неруҳои ҳукуматӣ ҳамла мекунанд. “Тариқ Нифози Шариат” аз гурӯҳҳои пуштибони Толибони Афғонистон аст.

Ҳамзамон мақомоти низомии Покистон мегӯянд, ки ҳадаф аз интиқоли неруҳо на доир кардани амалиёти низомӣ, балки ҳифзи тартибот дар ин минтақаи ноором аст.

XS
SM
MD
LG