Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Қирғизистон ба истеъфо рафт


Қурмонбек Боқиев – раиси ҷумҳури Қирғизистон дар бораи истеъфои ҳукумат фармон содир кард. Раҳбари Қирғизистон баъди ба ҳукми қонун ворид шудани Конститутсияи нав дар ин бора тасмим гирифт. Қаблан Қурмонбек Боқиев эълом дошт, ки интихоботи қабл аз вақти порлумонӣ рӯзи 16 декабр баргузор мешавад. Ҳизби пирӯз дар интихобот аз ҳаққи таъини сарвазир бархурдор хоҳад шуд. Кобинаи нави вазиронро бошад раисиҷумҳур ва сарвазир дар якҷоягӣ ташкил мекунанд.

Тибқи тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон, ки дар райъпурсии рӯзи якшанбеи гузашта пазируфта шуд, аз ин ба баъд интихоботи порлумонӣ дар кишвар аз рӯи феҳрасти ҳизбӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG