Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш мегӯяд, сипари зиддимушакӣ зарур аст


Буш ҳангоми сухан дар минбари Донишгоҳи дифоъ дар Вошингтон, 23 октябри соли 2007

Буш ҳангоми сухан дар минбари Донишгоҳи дифоъ дар Вошингтон, 23 октябри соли 2007

Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш аз зарурати бунёди шабакаи дифоъи зиддимушакӣ ҳимоят кард ва нигарониҳои Русияро дар пайванд ба ин тарҳ бепоя номид.

Дар суханроние дар Донишгоҳи дифоъи миллии Вошингтон Буш гуфт шабакаи дифоъи зиддимушакӣ барои ҳимоят аз ҳамлаи кишварҳое ба монанди Эрон лозим аст ва ин таҳдид ба Русия нест.

Маскав ба нақшаҳои Амрико барои истиқрори бахше аз сипари зиддимушаки дар Лаҳистон ва Чумҳурии Чех мухолиф аст ва онро таҳдид ба амнияти Русия хондааст. Буш ҳушдор дод ки Эрон имкон дорад то соли 2015 ба тавлиди мушакҳои болдори дурпарвоз даст ёбад, ки онҳо қобилияти расидан ба Амрико ва Аврупоро хоҳанд дошт. Ин дар ҳолест ки вазири дифоъи ИМА Роберт Гейтс изҳор намуд ки бо вуҷуди танишҳои мавҷуда Русия ва Вошингтон муттаҳидони стротежӣ боқӣ мемонанд.

Дар мусоҳибаи ихтисосиаш бо радиои Озодӣ дар Прог Гейтс гуфт: "Ман бар ин ақидаам ки мо бояд ба Русия ҳамчун ба шарики стротежӣ бархурд кунем, то замоне ки он кишвар иқдоми ғайридӯстона анҷом диҳад. Дар ин бора гапу мулоҳизаҳои зиёде ҳаст, аммо то ҳол русҳо дар амал гоме набардоштаанд ва тасмиме нагирифтаанд ки баргаштнопазир бошад.”


Қаблан Гейтс ба хабарнигорон гуфта буд интизор меравад, Вошингтон то замони тасдиқ шудани воқеъияти хатари ҳамалоти мушакӣ аз ҷониби Эрон истиқрори системаро ба таъхир гузорад.

Гейтс инчунин изҳор дошт ки имкон дорад ИМА барои рафъи мухолифати Москав ба нақшаҳои истиқрори сипари зиддимушакӣ, пешниҳоди ҳамкории Русияро пазирад ва иҷозат диҳад намояндагони он кишвар дар мавзеъҳои зиддимушаки ҳузур дошта бошанд. Ин дар ҳолест ки вазири корҳои хориҷаи Ҷопон Масаҳико Комура эълон кард ки системи дифоъи зиддимушакии муштараки Ҷопон ва Амрико алайҳи Русия равона нашудааст ва мақомоти Токио ба корҳо дар иҷрои ин барнома идома хоҳанд дод. Ин суханони Комура баъд аз вохӯрӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Токио садо дод. Лавров гуфт Русия огаҳ аст ки барномаи муштараки Ҷопон ва Амрико бар зидди ҳамлаи эҳтимолии Кореяи Шимоли равона шудааст, ки ҳақиқатомез ба назар мерасад, аммо ҳамзамон Лавров нигаронии Маскавро аз шабакаи фарогири дифоъи зиддимушакии Амрико изҳор дошт.

XS
SM
MD
LG