Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳиба бо Раҳматуллоҳ Зойиров


Р. Зойиров, раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон
Р. Зойиров, раиси ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон

Мусоҳиба бо Раҳматуллоҳ Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

- Дар як нишасте, ки ахиран дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон, бо ширкати намояндагоне аз кишварҳои узви САҲА баргузор гардид, Шумо низ дар ҳайъати Тоҷикистон ҳузур доштед ва зимни суханронии худ, аз ҷумла, аз он изҳори нигаронӣ кардед, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандону ниҳодҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ аз ҳуқуқи таҳияву пешниҳоди қонунҳо маҳруманд ва давлат ин арсаро барои атбоъаш маҳдуд кардааст, дар ҳоле ки, ба ақидаи Шумо, ин кор нақзи ҳуқуқи башар аст.

- Бояд бигӯям, ки феълан, тибқи қонунҳои кишвар, танҳо аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Тоҷикистон ва аз вилоёт танҳо ВМКБ ҳуқуқи ташаббуси пешниҳоди қонунро доранд. Дигар касе ва ниҳоду созмони дигаре ин ҳуқуқро надоранд.

- Аммо дар сурате, ки дар Қонуни асосӣ халқ ифодагари ҳокимият унвон мешавад, ба фикри Шумо, чаро давлат ба чунин амале, ки мардумро – шаҳрвандонро – аз ҳаққи таҳияву эҷоди қонунҳо маҳрум мекунад, даст задааст?

- Вакилони мо, ки дар порлумони Тоҷикистон нишастаанд, аз бисёр ҷиҳат як тарсу воҳима доранд. Аз тарафи дигар, бештари онҳо на он қадар саводи кофӣ ва таҷрибаи эҷоди қонунро доранд.

Дар Қонуни асосии Тоҷикистон навишта шудааст, ки қонунҳои барои рушди ҷомиъа ва давлат муҳимм қаблан бояд ба муҳокимаи мардум (шаҳрвандон) пешниҳод шаванд. Мутаассифона, инро то ҳол тақрибан риоят нашудааст. Дар ҳоли ҳозир порлумони Тоҷикистон бисёр қонунҳоро аз рӯи фармоиш таҳия ва қабул мекунад. Ҳатто тағйиру иловаҳое, ки ба ин ё он қонун ворид карда мешавад, дар бисёр ҳолатҳо аз ҷониби вакилони порлумон аз рӯи фармоиш сурат мегирад. Яъне аз рӯи хостаи ягон бизнесмен ё ягон мақомоти давлатӣ. Яъне бо пешниҳоди лоббиҳо ин қонунҳо ба тасвиб мерасанд

- Шумо гуфтаед, ки бархе аз қавонин, ки ба танзими ҳуқуқи башар ва ҷомиъаи шаҳрвандӣ иртибот доранд, дар Тоҷикистон ба таври пӯшидаву махфӣ ва бидуни омӯзишу эътибори афкор ва назари мардум ба тасвиб мерасад...

- Ман дар ин бора як мисоли мушаххас меорам. Қонун дар бораи дин ва ташкилотҳои динӣ. Аллакай ду сол шуд, ки гӯиё онро тартиб медиҳанд, таҳия мекунанд, вале ҳанӯз ҳам ягон маротиба ин қонунро ба муҳокимаи мардум пешниҳод накардаанд. Ҳатто онро созмонҳои ғайридавлатӣ дида ва таҳлил накарданд. Барои онки дар ҳар навбате, ки ин қонун дучори тағйирот мешавад, дар онҳуқуқҳои мардум ба озодии виҷдон ва ба дин маҳдуд мегардад.

Мисол, соли 1990 ин қонун қабул карда шуд. Соли 1994 қонуни дигар қабул гардид, ки дар он маҳдудиятҳои бештаре ворид карда шуд. Яъне, дар асоси он як ниҳоди махсуси давлатӣ оид ба корҳои динӣ фаъъол гардид. Ҳозир дар ин қонуне, ки нав тартиб медиҳанд, масоҷидро аз ҳуқуқи шахси юридикӣ будан маҳрум карда истодаанд. Аз дигар тараф, барои сабт ё бақайдгирии масҷидҳо ва ё дигар созмонҳои динӣ боз бештар маҳдудиятҳо пешбинӣ карда мешавад. Барои мисол, шумораи афроде, ки муттаҳид шуда як созмони динӣ ташкил медиҳанд, ба маротиб афзоиш меёбад. Чунин ба мушоҳида мерасад, ки ҳоло давлат идеологияи дунявиро неву, мутаассифона, идеологияи атеистиро татбиқ кардан дорад.

-Ба назари шумо, барои чи давлат мехоҳад озодиҳои мардум дар ин ё он соҳа маҳдудтар бошад?

- Асос шояд тарс бошад. Лекин аз ҷиҳати дигар, масоҷидро маҳдуд карда, фаъолияти ҲНИТ-ро маҳдуд карданианд. Дувум, инҳама кор дар зери шиори мубориза бо терроризми исломӣ меравад, ки ҳоло дар ҷаҳон аз он пуштибонӣ мешавад, вале дар натиҷаи чунин сиёсат ҳуқуқи мардуми мусалмон маҳдуд карда мешавад. Аз дигар тараф, шояд Ҳукумати Тоҷикистон худро дар хориҷи кишвар ҳам чунин ҷилва медиҳад, ки дар Тоҷикистон як радикализми динӣ вуҷуд дорад (ҳол он ки дар ҳақиқат чунин нест) ва танҳо бо ҳамин роҳҳо метавон онро ба танзим дароварду назорат бурд. Ин як навъ намоишдиҳии чизи набуда барои хориҷа аст. Ва он бисёртар сохтаву сунъӣ ҷараён дорад.

- Бархе аз коршиносон бар ин ақидаанд, ки иддае аз қонунҳо дар Тоҷикистон ба худ табиъати ғайридемократӣ касб мекунанд. Назари Шумо дар ин робита чист?

- Вақте мақоми қонунгузор аз ҷониби як нафар муайян карда мешавад ва дар мақоми қонунгузор аксари мутлақ намояндаи як гурӯҳ мебошад, бадеҳист, ки он ба як чиз хидмат мекунанд. Қонунҳо ба манфиати онҳо таҳия мешаванд ва сиёсати давлатӣ низ дар ин маворид суиистифода мегардад. Қонунҳои барои худашон мувофиқро зуд амалӣ мегардонанд, вале он чизе, ки ба манфиати ҷомиъа бошад, қариб амалӣ намегардад.

Лоббӣ дар Тоҷикистон ҳозир барои таъмини манфиатҳои як гурӯҳе, ки дар айни замон дар дасташон на танҳо ҳокимияти давлатӣ, балки ҳокимияти иқтисодӣ низ мебошад, хидмат мекунад, ва онҳое, ки дар даст ҳокимияти иқтисодӣ доранд, бо ҳокимияти давлатӣ якҷо шуда, як системаи муносибатҳои коррупсионии аллакай ҳатто дар давлат паҳнгаштаро дар Тоҷикистон ҷорӣ кардаанд. Вақте қонун аз рӯи манфиати як гурӯҳи ҷомиъа амал мекунад, вай, албатта, табиъати ғайридемократӣ дорад. Ин – дар умум, ҳамчун проблеммаи Ҷумҳурии Тоҷикистони мо.

Вале, агар қонунҳои махсусро гирем, қонунҳое, ки бевосита ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дахл доранду самт ва соҳаҳои асосиро ифода мекунанд, гуфтанист, ки онҳо бештар характери пахшкунандаи ташаббуси мардум, пахшкунандаи имконоти мардум, пахшкунандаи як қисми ҷомиъа ва ба қисми дигари ҷомиъа имконият доданро касб кардаанд. Аз ин рӯ метавон дар умум натиҷагирӣ кард, ки имкониятҳои қонунгузорӣ дар ҳақиқат характер ё табиъати ғайридемократӣ пайдо кардаанд.

- Як падидаи дигар, ки ҳоло тавассути намоишҳои телевизиони кишвар тақрибан хислати оммавӣ касб мекунад, аз ҷониби мардум ба ҷои ибораи «раиси ҷумҳурӣ» истифода шудани вожаи «шоҳ» аст. Оё ин таблиғ ва муроҷиат ба президент бо қавонини кишвар мувофиқат мекунад?

- Ин кори телевизионҳои Тоҷикистон амалҳои ғайриконститусионӣ ё зиддиконститутсионӣ мебошад. Бар тибқи конститусияи мо, сохти дунявӣ ва демократӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирнопазир аст. Ва аз ин рӯ дар ҷумҳурӣ наметавонад шоҳ фаъолият кунад. Ҳатто муроҷиат ё хитоб ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъбири «Ҷаноби олӣ» дар кишвари мо, ки давлати дорои низоми ҷумҳуривӣ (ин сохт дар Қонуни асосӣ таъкид шудааст) мебошад, ғайриқонунист ва ин калимот аслан набояд истифода шаванд. Истифода гардидани онҳо ва дар сохти ҷумҳуриявӣ таблиғ кардани президент бо вожаи «шоҳ» ё таъбири «ҷаноби олӣ» амалҳои зиддиконститутсионианд.

- Дар бораи фаъолияти шаффофи ниҳодҳо ва масъулони давлатӣ зиёд мегӯянду менависанд. Аммо, дар ҳоле ки, мисол,миқдори маоши мардум (табиб, омӯзгор, як профессор ё як раҳрӯб) маълум ва муайян мебошад, чаро миқдори маоши соҳибмансабони Тоҷикистон маълум нест?

- Маоши шаҳрвандони кишварро ҳукумат таъйин мекунад, вале музди моҳонаи президенти Тоҷикистонро, тибқи қонун, порлумони кишвар муайян мекунад. Фикр мекунам, ин саволро бояд ба Сайдулло Хайруллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, равона кард.

Аз тарафи дигар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худро давлати иҷтимоъиву демократӣ ва ҳуқуқбунёд меномад, бояд миқдор ва ҳаҷми маоши ҳадди ақал ва маоши аз ҳама боло мушаххасу муайян шуда бошад ва дар системаи буҷетӣ ин маошҳо бояд таносуб дошта бошад. Дар давлатҳои дунё (барои мисол, дар Олмон) тафовути ҳаҷм ва миқдори маоши ҳадди ақал бо маоши ҳадди аксар аз 16 то 24 дарсад бештар буда наметавонад. Ва агар ин меъёр риоят нашавад, он давлат давлати иҷтимоъӣ ҳисобида намешавад.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки дар Тоҷикистон, ки бар тибқи Қонуни асосиаш, аз ҷумла давлати иҷтимоъист, ҳаҷми маоши ҳадди ақал чанд асту маоши ҳадди олӣ чанд? Фарз кардем, маоши президенти Тоҷикистон аз чанд сомонӣ ташкил ёфтааст ва таносуби он бо маоши ҳадди аққал чандкарата мебошад... Агар ба ин суолҳо раиси Маҷлиси Намояндагон посух дода натавонад, мо метавонем баъди таҳлилҳо посух бигӯем.

- Боз ҳам баргардем ба суоли қаблӣ. Ғолибан ҳам ҳукумат ва ҳам порлумони кишвар тақрибан аз аъзои як ҳизб ташкил ёфтаанд – ҳизбе, ки дар интихоботи порлумонӣ ва президентӣ бо ба даст овардани бовари аксари интихобкунандагон пирӯз шудааст. Пас, чи зарурате ҳаст, ки дасти ин шаҳрвандон, ки ба ин ҳизб дар интихобот раъй додаанд, дар навишт ва қабули қонунҳо кӯтоҳ бошад?

- Аслан бигирем, қонун ва қонунгузорӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби мардум ва порлумон сурат намегирад, ё таври дигар бигӯем, шаҳрвандон дар ин кор аслан ба таври мустақим ширкат надоранд ва порлумон низ дар он саҳми камтар дорад. Асоси қонунгузориро ҳукумат муайян мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳоло ин чизро муқаррар мекунад. Тақсимоти шохаҳои қудрат дар Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои эътирофшуда вуҷуд надорад. Ин як масъала. Масъалаи дигар. Агар шаҳрвандони Тоҷикистон дар навиштан ва таҳия кардани қонун васеъ иштирок кунад, дар кишвар фазои муносиби ҷомиъаи шаҳрвандӣ зудтар ташаккул меёбад ва ҷомиъа ҳам пешрав мешавад. Вале, агар ҳукумат ё ашхоси мансабдор ба ин кор мувофиқат кунанд, идора кардани ҷомиъа барои онҳо мушкилтар мегардад. Чунки бо он усулу методе, ки пештар барои идора кардани мардум истифода мегардид ва ҳоло ҳам аз он истифода мешавад, дигар идора карда наметавонанд. Дар ин ҳолат, албатта савод, салоҳият ва таҷрибаи кор ва аз ин ҳам зиёдтар таҷрибаи идораи давлатӣ ба кор меояд.

Феълан, ба гумони ман, проблемаи асосӣ дар Тоҷикистон коррупсия , маориф ё чизе дигар нест. Албатта, инҳо проблема ҳастанд, вале, ба назари ман, проблемаи асосии имрӯзаи ҷомиъаи тоҷик ин набуди ислоҳоти идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад. Мо дар инҷо бояд ду мафҳумро аз ҳам ҷудо кунем. Идораи ҷамъиятӣ ва идораи давлатиро. Идораи ҷамъиятӣ мафҳуми васеъ аст, вале давлат ҳамчун як ҷузъ ё як ниҳоди ҷомиъа бояд, ки ба манфиати ҷомиъаи шаҳрвандӣ амал кунад.

Фаромӯш накунем, ки давлат набояд аз болои ҷомиъаи шаҳрвандӣ назорат кунад. Баракс, ҷомиъаи шаҳрвандӣ аз болои давлат ё ки ҳукумат бояд назорат барад. Барои ба амал наовардан ё иҷро нашудани ин шакли идорӣ ҳукумат ҳаракат мекунад, ки ҷомиъаи шаҳрвандӣ дар кишвар зуд ташаккул наёбад ва он аз болои фаъолияти ҳукумат назорат бурда натавонад. Зеро агар давлат ва амали он зери назорат бошад он корҳое, ки ҳозир дар Тоҷикистон карда истодаанд онҳо ошкор мешаванд. Барои мисол як масъалаи одӣ. Бояд, ки порлумони Тоҷикистоназ рӯи иҷрои қонуни буҷети давлатӣ ва дигар масоили молиявӣ назорат барад.

Лекин дар Тоҷикистон ин кор ба дӯши Ожонсии зидди коррупсия ва назорати молӣ вогузор шудааст, ки ин идора дар зери таъсир ва назорати бевоситаи президенти Тоҷикистон амал мекунад. Яъне, агар содатар гӯем, бухгалтери ин ё он мақомот назорат аз болои фаъолияти бухгалтериро худ ба зиммаи худ гирифтааст. Бухгалтер худаш амалӣ мегардонад ва худаш аз болои худаш назорат мекунад. Ва ягон структураи дигар ҳам ба он мудохила карда наметавонад. Ҳозир ҳамин хел шудааст, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буҷетро худаш тартиб медиҳад, худаш амалӣ мегардонад, худаш аз болои худаш назорат мекунад ва ба ҳеҷ ниҳоде дар ин бора ҳисобот намедиҳад.

Аз ин чунин бармеояд, ки имрӯз ҳокимияти иҷроия дар тақсими салоҳиятҳои қудрат ҳокимияти мутлақ дар Тоҷикистон аст.

-Аз суҳбати шумо метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки ҳоло дар амри эъмори як ҷомеаи шаҳрвандӣ монеаҳои зиёд вуҷуд доштааст.

- Агар бар пояи ҷараёноте, ки имрӯз дар ҷаҳон рафтан дорад ва онки ҷомеаҳо дар ин раванд ба пешравиҳо ноил мешаванд, назар афканем, ҳатто, агар ҳукумат ҳам нахоҳад, ки ҷомиъа пеш равад, ҷомеаи Тоҷикистон пеш рафта истодааст. Лекин ин хидмати ҳукумат нест. Зеро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи он имконоте, ки дошт ва ҷомеаро пеш бурда метавонист, ҳатто даҳяки онро истифода накардааст.

Маълум мешавад, ки ҳукумат имрӯз таъйинот ва вазифаҳоеро, ки дошту бояд иҷро мекард, иҷро намекунад. Ва фаъолияти он бештар бо маҳдуд кардани имконияти мардум, маҳдуд кардани имконияти соҳибкорон ва пешрав нашудани фаъолияти соҳибкорӣ ва пеш нарафтани ниҳодҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ мушоҳида мешавад. Аз ин нигоҳ, метавон хулоса кард, ки ҳукумат ҷиҳати пешравии ҷомиъа маҳдудиятҳо ҷорӣ карда ва, аз дигар тараф, аз чунин васоити маҳдудсозӣ, ки худ кашф кардааст,истифода мебарад.

XS
SM
MD
LG