Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гунаҳгорони қатли 6 нафар маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳе дар Қирғизистон ду мақоми масъули маҳаллии ин кишварро, ки панҷ соли пеш дар куштори тазоҳуркунандагон даст доштаанд, маҳкум ба зиндон кард. Яке аз онҳо Зутбек Худойбергенов-додситони собиқ ва дигарӣ Кубаничбек Токобоев-собиқ раиси пулиси вилояти Ҷалолобод мебошанд. Ҳар дуи онҳо барои панҷ сол равонаи зиндон шудаанд. Дар тазоҳуроти моҳи марти соли 2002 дар Ҷалолобод шаш нафар аз оташи тири пулис кушта шуда буданд.

XS
SM
MD
LG