Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз ҷаласаи амниятии Туркия


Имруз Адуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия ҷаласаи Шурои Амнияти кишварашро баргузор мекунад. Дар ин ҷаласа тадобири имконпазир алайҳи шуришиёни курд баррасӣ хоҳад шуд. Баъд аз ҳамлаи фаромарзии шуришиёни курд дар ахири ҳафтаи гузашта ва куштори 12 сарбози артиши Туркия дар наздикии марз ин кишвар дар имтидоди марзи худ бо Ироқ сад ҳазор ниру муттамаркиз кардааст. Маросими дафни 12 сарбози кушташуда дируз баргузор шуд ва дар он мардум хостори анҷоми амалиёти низомӣ бар зидди шуришиёни курд шуданд.
XS
SM
MD
LG