Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ қавл дод хатари курдҳои ПКК-ро аз байн барад


Ироқ мегуяд, барои аз байн бурдани хатари курдҳои шуришии ҷудоихоҳ дар шимоли Ироқ ба Туркия ёрӣ мерасонад. Ҳушёр Зеборӣ-вазири хориҷаи Ироқ баъд аз мулоқоташ бо Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия дар Бағдод дар ин бора қавл дод. Бобоҷон гуфт, Онкоро саъй хоҳад кард, ки ин буҳрон аз роҳҳои дипломатӣ ҳал шавад. Вале вай ҳар гуна оташбас бо Ҳизби Коргарони Курдистон ё Пи Кей Кей-ро рад кард ва гуфт, оташбас бо як созмони террористӣ имкон надорад. Дар як эъломияи ҷудогонаи дигар дар Бағдод Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ изҳор дошт, ки Ироқ ҳамаи намояндагиҳои Пи Кей Кей дар Ироқро мебандад ва фаъолияи ин гуруҳи шуниширо дар Ироқ муттавақиф месозад.
XS
SM
MD
LG