Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ. Буш: Сипари зиддимушакӣ дар Аврупо зарур аст


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико мегуяд, дар Аврупо сипари дифоъи зиддимушакӣ барои таъмини амнияти Амрико ва муттаҳидонаш дар паймони НАТО зарур аст. Вай ин нуктаро дар донишгоҳи дифоъи миллии Амрико дар Вошингтон изҳор дошт. Буш гуфт, сипари мазкур барои дифоъ аз ҳамлаи кишварҳое аз қабили Эрон зарур аст ва он ба Руссия таҳдид намекунад. Аммо Маскав ба барномаҳои истиқрори сипари дифоъи зиддимушакии Амрико дар ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мухолиф аст ва онро таҳдиде ба амнияти худ медонад.

XS
SM
MD
LG