Пайвандҳои дастрасӣ

Волии Қундуз: Тоҷикистон дӯст ва хайрхоҳи мост


Хабарнигори радиои Озодӣ Фарҳоди Мелод бо волии Қундуз Муҳаммад Умар Сулаймонӣ, октябри 2007

Хабарнигори радиои Озодӣ Фарҳоди Мелод бо волии Қундуз Муҳаммад Умар Сулаймонӣ, октябри 2007

Cӯҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ Фарҳоди Милод бо волии вилояти Қундузи Афғонистон Муҳаммад Умар Сулаймонӣ ба ҳангоми баргузории намойишгоҳи муштараки маҳсулоти саноатии корхонаҳои давлативу хусусии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Қундузу Тахори Афғонистон, ки дар шаҳри Қундуз рӯзҳои 20 – 21 октябри соли равон баргузор шуд. Барнома аз сӯйи муассисаи ғайридавлатии «Сапеда»-и вилояти Хатлон ва кумаки молиявии Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи марказӣ ва сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба хотири рушди тиҷорати минтақаҳои марзӣ роҳандозӣ шуд.

- Оқои Сулаймонӣ, як воқеияти кишвари шумо, Афғонистон, ин аст, ки иқтисоду сиёсати вилоятҳои марзиатон дар даврони амну ноамн ба далели ҳаммарзӣ бо ин ё он кишвар шакл мегирад. Барои мисол, вилоятҳои ҷанубу шарқ аз Покистон, ғарб аз Эрон, як идда дар шимол аз Ӯзбакистону Туркманистон вобаста ҳастанд. Вилояти Қундуз танҳо бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Таъсири Тоҷикистон ба вилояти худро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим. Иҷозат фармоед, ки ба таъбири худи Шумо як воқеиятро арз бикунам: Тоҷикистон ягона ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки ба умури дохилии мо ҳеҷ вақт дахолат накардааст. Инро ман бо қотеъият мегӯям. Ва маҳз ин далели он аст, ки Тоҷикистон билкулл кишвари дӯст ва хайрхоҳи Афғонистон аст ва мехоҳад, ки дар кишвари мо амнияту субот пойдор бошад...

- Аммо бархе кӯмакҳои Тоҷикистон ба Эътилофи Шимол дар даврони ҳукумати Толибонро дахолат ба умури дохилаи Афғонистон арзёбӣ мекунанд?

- На. Ин барои на фақат банда, балки барои тамоми ҷомеаи байналмилал рӯшан аст, ки ин кӯмаки холисонаи кишвари дӯст барои пирӯзӣ бар терроризм буд. Ва ҷаҳон шоҳид аст, ки мо бар терроризми байналмилал дар Афғонистон пирӯз шудем. Тоҷикистон барои захмиёни мо шифохона дар Фархор боз карда буд. Муҳоҷирини моро дар ҳудудҳояш паноҳ дод. Тоҷикистон ягона дари умеди мо мардуми Афғонистон буд. Бигзоред, ки таърих ва ҷомеаи ҷаҳон ба равобити мову Тоҷикистон баҳо диҳад.

Бо назардошти ин нукта равобити вилояти Қундуз бо кишвари дӯсти Тоҷикистон ҳамеша хуб буд, чӣ дар сатҳи иқтисод ва чӣ сиёсат. Мо бо Тоҷикистон 240 км марз дорем, аммо то ҳол мушкиле надоштем. Худо кунад, ки як мушкили ҷиддӣ ба миён наояд, аммо агар пеш ояд, ба фазли Худо, зуд бартараф хоҳад шуд, зеро дӯстии мо усулист, на ба ҳарфу сухан ва на марбут ба як давраи муайян.

- Қундуз ягона вилояти Афғонистон аст, ки барқи шабонарӯзӣ дорад ва ин барқи Тоҷикистон аст. Шумо чӣ миқдор барқ мегиред ва ба чӣ қимат?

- Бале, чор сол мешавад, ки Қундуз аз Тоҷикистон барқ мегирад. Ман хуб маълумот дорам, ки ҳатто баъзан вақте Тоҷикистон худ азияти бебарқӣ мекашад, ба мо барқ медиҳад. Ин боз як далели дигари хайрхоҳии Тоҷикистон ба Афғонистон аст. Мо ҳамарӯза аз кишвари ҳамсоя 15 то 20 мегаваттсоат барқ мегирем (тибқи маълумоти расмӣ, солона 35 млн киловатсоат – Ф.Х) ва ҳар моҳ ба маблағи 105 доллари амрикоӣ тариқи бонк ҳаққи барқро мепардозем.

- Дар сӯҳбат бо тоҷирони Тоҷикистон мо дарёфтем, ки ба далели ноамнӣ дар Афғонистон ё вилояти Шумо наметавонанд тиҷорати худро рушд диҳанд...

- Бале, он чӣ онҳо мегӯянд, бепоя нест. Аммо он ки дар Қундуз як ё ду амали террористӣ рух медиҳад, маънии ноамнии куллро надорад. Онҳо шояд аз дур ин маълумотро доранд, аммо ман итминон медиҳам, ки ниҳодҳои амниятии мо ҳар кореро дар ин замина мекунанд, то тоҷирони ду тараф бидуни мушкил тиҷораташонро ба роҳ монанд...

- Тоҷирони вилояти Қундуз мегӯянд, ки онҳо барои дарёфти раводид ё визаи Тоҷикистон мушкили зиёд доранд. Оё ин масъаларо бо мақомоти Тоҷикистон ягон маротиба ба миён гузоштед?

- Бале, мушкили раводидро дорем. Мо ташвиши ҷониби Тоҷикистонро мефаҳмем. Он ҷо мекӯшанд ҳар касе, ки аз Афғонистон меравад, таҳти назорати мақомоти амниятиаш бошад. Мо ҳам инро мефаҳмем, ки Худо нахоста, дар кишваре, ки амну обод аст, як ноамниву харобӣ эҷод нашавад. Яъне мо ба он қуюдоте, ки Тоҷикистон эҷод кардааст, хушбин ҳастем. Мо ҷам тамоми кӯшишро ба харҷ додаем, ки заминаи дарёфти раводидро беҳтар кунем, то ҳам Тоҷикистон нигарон набошад, ҳам кори тоҷирони мо осон шавад.

- Дар намоишгоҳе, ки имрӯз дойир шуд, сухан аз як Бозори озоди иқтисодӣ миёни вилояти Қундузи Афғонистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон рафт. Ин чӣ гуна бозор хоҳад буд?

- Ин бозор ба хотири он аст, ки кори тоҷирону харидорони мардуми ду тарафи марзро осон кунем. Яъне мардум бидуни раводиду шиноснома тавонанд дар ин бозор ҷамъ шаванд ва тиҷорат кунанд. Ин бозор бояд дар марзи Қундузу Хатлон эҷод шавад, то дар як рӯзи муайян ҳам мардум ва ҳам тоҷирони ду тараф ҷамъ шуда хариду фурӯши худро кунанд. Мо барои ин хеле кӯшиш мекунем. Соли гузашта банда ба вилояти Хатлон сафар доштам ва ин мавзӯъро баҳс карда будем. Мо гуфтем, агар хоҳед дар ҳудуди худатон, агар не, дар ҳудуди мо бозорро боз кунем. Раҳбарони Хатлон ҳам аз ин иқдом дастгирӣ мекунанд.

- Аммо чаро аз соли гузашта то ба ҳол ин мавзӯъ ҳалли худро наёфт? Оё ҷониби Тоҷикистон таъхир мекунад?

- Шояд онҳо ташвишҳои амниятӣ доранд, на чизи дигар. Аммо дар сӯҳбатӯоямон хуб таҳлил кардаем, ки ин бозор иқтисоди ду тараф, бахусус Хатлону Қундузро хеле қавӣ мекунад. Зеро бубинед, молҳое ҳастанд, ки аз Покистону Эрон ворид мекунем, дар ҳоле ки ворид кардани онҳо аз Тоҷикистон барои мо мусоидтар аст. Аз Душанбе то Қундуз 2 – 3 соат роҳ аст. Мол ҳам арзон мерасад. Барои Тоҷикистон бошад на фақат Қундуз, балки тамоми шимоли Афғонистон боз мешавад.

- Ё ҷониби Тоҷикистон ягон пешниҳоди дигар дорад?

- Дар иртибот ба бозори озод ягон пешниҳоде аз сӯйи Тоҷикистон нашудааст, масалан, нагуфтаанд, ки рӯйи ҳамин шароит мо бо шумо ҳамкорӣ мекунем. Мо омода ҳастем. Аммо барои мо маълум нест, ки ҷониби Тоҷикистон чаро таъхир мекунад. Умедвор ҳастем, ки баъди ба истифода даромадани Пули Шерхон Бандар ва Панҷи Поён боз ҳарф задан рӯйи мавзӯъи Бозори Озод соддатар мешавад.

- Ҳамкории ниҳодҳои амниятии Қундуз бо ҳамтоёни тоҷикашон дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир чӣ гуна аст?

- Дар Қундуз мо имсол муваффақ шудем кишти маводи мухаддирро ба сифр расонем, яъне дар вилояти мо дигар хашхош кишт намешавад. Ин муваффақияти мо аз ҷониби раисҷумҳурамон оқои Ҳомид Карзай ҳам тақдир шуд. Ҷониби Тоҷикистон аз қочоқи маводи мухаддир ташвиш дорад. Аммо бо итминони комил бояд бигӯям, ки то ба ҳол ягон қочоқбари афғонии мо дар марзҳои Қундуз дастгир нашудааст. Ин худ далели он аст, ки мулоқотҳои чандинбораи мақомоти амниятии мову Тоҷикистон беҳуда набуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG