Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиш аз Лориҷонӣ ва шубҳа аз Ҷалилӣ


Саид Ҷалилӣ (аз чап) ва Алии Лориҷонӣ (аз рост)

Саид Ҷалилӣ (аз чап) ва Алии Лориҷонӣ (аз рост)

Яксаду ҳаштоду се узви Маҷлиси Эрон ахиран дар як баёния аз фаъолияти Алии Лориҷонӣ дар симмати раиси ҳайати кишвар дар музокироти барномаи ҳастаии кишвар ситоиш карданд.

Ин баёния баъд аз он нашр шуд, ки Алии Лориҷанӣ аз маснади дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва раиси ҳайати музокираи кишвар канор рафт ва дар ин симат Саид Ҷалилӣ - муовини вазири хориҷа ва яке аз ҳампаймонҳои наздики раисҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод таъин шуд.

Истеъфои Алии Лориҷонӣ дар маҳофили сиёсии Эрон сару садои зиёде барангехт ва иддае раисҷумҳурро дар талоши барканор кардани сиёсатмадори нармишпазир ва муътадил аз раванди музокироти барномаи ҳастаӣ айбдор карданд. Алӣ Акбар Вилоятӣ - собиқ вазири умури хориҷаи Эрон ва айни ҳол - мушовири аршади сиёсати берунаи раҳбари рӯҳонии кишвар Алии Хоманеӣ изҳор кард, “дар ин вазъи басо ҳассос, ки мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон аз мушкили доғ боқӣ мемонад, беҳтар мебуд, агар ин истеъфо сурат намегирифт”.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносони минтақа мутмаинанд, ки истеъфои Лориҷонӣ - намоишгари ихтилоф дар долонҳои ҳукумати Эрон аст. Онҳо аз ду дидгоҳи мухталиф ба барномаи ҳастаӣ ёдовар мешаванд - бархе аз мансабдорони воломақом ҷонибдори идомаи музокирот бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ба истилоҳ, “роҳи ҷопони”- янд – яъне дастёбӣ ба неруи ҳастаӣ аз роҳи осоишта. Ва аммо гурӯҳи дигар аз мавқеъи Маҳмуди Аҳмадинажод пуштибонӣ мекунанд, ки ҳадафаш на фақат дастёбии Эрон ба энерҷии ҳастаӣ, балки намоиши қудрат ба Ғарб низ ҳаст.

Ҷамшеди Барзгар, коршиноси минтақаӣ ва корманди Радиои Фардо мегӯяд, ки Эрон дар иттилоърасонӣ дар ин мавзӯъ чандон шаффоф нест ва мақомот аз ошкори иллати аслии истеъфо ва ихтилофоти марбут ба он худдорӣ карданд.

Оғои Барзгар мегӯяд:“Сухангӯи давлат гуфт, ки иллати истеъфо масоили шахсист ва аммо яке аз наздикони оғои Лориҷонӣ - ноиби раиси Маҷлиси оғои Боҳунар гуфт, ки Лориҷонӣ ва Аҳмадинажод дар ҳамкорӣ бо ҳамдигар ба бунбаст расида буданд. Аз сӯи дигар, ин нукта ҳам мушаххас нест, ки раҳбарии музокироти ҳастаии Эрон амалан дар дасти кист? Гуфта мешавад, ки раҳбарии музокирот ба таври мустақим дар дасти раҳбари Ҷумҳурии Исломи Эрон Оятулло Хоманеист. Агар ин ҳарф дуруст бошад, ба ин маъност, ки дигар аҳамият надорад, ки чӣ касе масъулияти музокиротро бар ӯҳда дошта бошад – оғои Лориҷонӣ ё Саид Ҷалилӣ. Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки сабаби ҳаводиси ахир ихтилофест, ки байни ду рақиби интихоботӣ, яъне Лориҷонӣ ва Аҳмадинажод вуҷуд дошт – онҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳур рақиби ҳамдигар буданд.”

Дар Рум музокироти Ховиер Солана - сарпарасти сиёсати хориҷаи Иттиҳодия Аврупо ва Саид Ҷалилӣ - раиси ҷадиди ҳайати Эрон дар музокироти барномаи ҳастаии кишвар шурӯъ шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин музокирот Алии Лориҷонӣ низ ширкат хоҳад дошт ва аммо ба ҳайси фиристодаи вижаи оятулло Алии Хоманей.

Аз нигоҳи коршиносон, музокироти Рум тағйир хурдан ва ё чун пештара боқӣ мондани мавқеъи Эрон дар робита ба барномаи ҳастаии кишварро рушан хоҳад кард. Теҳрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш аҳдофи осоишта дорад ва дастёбӣ ба неруи энерҷӣ ҳаққи мардуми кишвар аст. Ва аммо кишварҳои Ғарб Эронро дар талоши сохтани силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд ва талаб доранд, ки кишвар ғайнисозии ураниумро қатъ кунад.

Коршиносон мегӯянд, нишасти Рум ҳамчунин ошкор хоҳад кард, ки Саид Ҷалилӣ худро дар музокирот чӣ гуна муаррифӣ мекунад. Зимнан, иддае аз дипломатҳои эронӣ дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо ба он нукта ишора кардаанд, ки Саид Ҷалилӣ ҳарф заданро бештар хуш дорад, то ки шунидани мавқеъи ҷониби мухолифро ва аз ин рӯ, онҳо дар мавриди натоиҷи мусбати гуфтушуниди миёни Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар Рум хушбин нестанд.

XS
SM
MD
LG