Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии мушкилоти нақлиёти минтақа дар Душанбе


Ҳамоиши рушди гузаргоҳҳои нақлиётии минтаӯа дар Душанбе, 23 октябри 2007
Ҳамоиши рушди гузаргоҳҳои нақлиётии минтаӯа дар Душанбе, 23 октябри 2007

Як пажӯҳиши Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ соли ҷорӣ дар 12 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои мушштаракулманофеъ 15 усули мавонеъ ва маҳдудиятҳо дар бахши ҳамлу нақли ин кишварҳоро кафш карда, ки маъмултарини онҳо тамаъҷӯъӣ ва азияти ронанда ва мусофирон будааст.

Чунин ин мавонеъ ва маҳудудиятиятҳо дар як нишасти байналмилалии рушди гузаргоҳҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз мушкили умдаи ҳамлу нақл дар миёни кишварҳои ин минтақа номбар шуд.

Ба гуфтаи Абдураҳим Ашӯров, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон, бо манзури афзоиши босуръати ҳамлу нақли байналмилалӣ аз тариқи кишварҳои минтақа, мушкилоти гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла дар Тоҷикистон низ боло рафтааст ва ҳадафи ҳамоиши Душанбе низ баррасӣ ва бозтар сохтани гузаргоҳҳои нақлиётӣ дар минтақа мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносони тоҷик мавонеъи аслӣ дар ҳамлу нақли кишварҳои Осиёи Марказиро гузаргоҳҳои нақлиётии Ӯзбакистон эҷод кардаанд, ки боиси нигаронии бештари кишварҳои назири Тоҷикистон ва Афғонистон гаштаанд. Ба гуфтаи онҳо, феълан роҳҳои нақлиётии Тоҷикистон дар ҷанубу шарқ бо кишварҳои ҳаммарз бозтар мешавад ва гузаргоҳҳои транзитӣ дар ҳоли афзоиш аст, аммо мавонеъу маҳдудияти гузаргоҳҳои транзитии ҳамсоякишвари Ӯзбакистон мафоди ин гузаргоҳҳои Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ камранг кардааст.

Вале намояндагони мақомоти нақлиёти Ӯзбакистон, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, аз посух ба суолҳои хабарнигорон билкулл худдорӣ варзида ва дар мавриди тасмимоти кишвари худ ҷиҳати содда сохтани мавонеи ҳамлу нақл ва эҷоди фазои мусоид дар гузаргоҳҳои транзитӣ чизе нагуфтанд.

Қарор аст дар поёни ҳамоиши рушди гузаргоҳҳои нақлиёти минтақавии Осиёи Марказӣ эъломияе ба тасвиб расад, ки дар он усулҳои коҳиш ва бартараф кардани мавонеъ дар гузаргоҳҳои транзитии минтақа аз нуқоти муҳим хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG