Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хайрулло Саидов - додситони Суғд гуфт, дар додгоҳи вилоят бозбинии парвандаи як гурӯҳи 14-нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон поён ёфта ва даҳ тан бо ҳукми додгоҳ ба муҳлатҳои тӯлонӣ, аз 5 то 29 сол ба зиндон маҳкум гардиданд.

Ҷаноби Саидов гуфт, чаҳор нафари дигар аз ин гурӯҳ, се зан ва як ҷавонро додгоҳ аз 5 то 11 сол ба маҳрум кардан аз озодӣ ҳукм кард, аммо бо татбиқи қонуни афви Тоҷикистон аз толори мурофиа озод кард. Додситони Суғд афзуд, ки дар айни ҳол додситонӣ дигар парвандае бо иттиҳоми мансубияти афрод ба ҲИУ ҷиҳати таҳқиқ рӯи даст надоранд.

Ёдовар мешавем, 14 нафари ахиран аз ҷониби додгоҳи Суғд маҳкумшуда ҳама сокини ноҳияи Исфара, 130-километрии Хуҷанд буда, боздошти онҳо дар тирамоҳи соли 2006 зимни таҳқиқи суиқасди бебарори мусаллаҳона аз сӯи гурӯҳи номаълум ба як соҳибкори маъруфи ин минтақа – Низомхон Ҷӯраев, соҳиби корхонаҳои кимиё ва спирти Исфара сурат гирифта буд.

Додситонӣ ва додгоҳи Суғд мегӯянд, ин нафарон дар таҳия ва роҳандозии ҳамлаи мусаллаҳона ба боздоштгоҳи муваққати Қайроқум ва қароргоҳи марзбонони тоҷик дар Исфара даст доштаанд. Ҳарчанд ба таври мустақим дар он ҳамла иштирок накарданд. Як нафар аз ин гурӯҳ – Юсуф Раҳматов, ки гурӯҳи мусаллаҳи ҳамлаварро то наздики қароргоҳи марзбонон интиқол дода буд, аз сӯи додгоҳ ба 29 соли ҳабс маҳкум гашт.

Аммо маҳкумшудагон ва наздикони онҳо ҳукми додгоҳро ноодилона хонданд. Пайвандони Худоёр Саидмуродзода - як маҳкумшуда ба 19 соли зиндон бо мусодираи амвол дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти интизомӣ зимни тафтиши аввалия нисбати боздоштшудаҳо ба гумони фаъолият дар ҲИУ аз усулҳои ғайриқонунӣ кор гирифтаанд ва айбдоршудаҳо зери варақи иттиҳомот таҳти фишори равониву ҷисмонӣ имзо гузоштаанд.

Мақомоти додситонӣ ва интизомиву амниятии Суғд мегӯянд, ҲИУ дар минтақаи Суғд, бахусус дар Исфара як гурӯҳи густардаи аъзои худро дорад ва дар пайи роҳандозии амалиёти тундгароёна ба хотири ноором сохтани авзоъи ҷомеа дар Тоҷикистон фаъолият мебарад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG