Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷустуҷӯи роҳе ба сӯи обҳои гарм


Аз чап ба рост: Абдураҳими Ашӯр, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, Владимир Пряхин, раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон.

Аз чап ба рост: Абдураҳими Ашӯр, вазири нақлиёти Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, Владимир Пряхин, раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон.

Ширкаткунандагони ҳамоиши байнулмилалии "Рушди нақлиёти фароосиёӣ" дар шаҳри Душанбе роҳҳои ба уқёнус расидани кишварҳои маҳрум аз баромадгоҳи обиро ҷустуҷӯ карданд.

Барои раҳкушоӣ ба ҷаҳони беруна давлатҳое, ки дар иҳотаи хушкиянд, танҳо ба роҳу пулҳо ниёз надоранд, балки равобити хуб ва ҳусни ҳамсоягӣ зарур аст, то онҳо фазои ҳалли масъалаҳои худро бунёд кунанд. Ин нукта дар маркази табодули афкор дар ҳамоиши байнулмилалии "Рушди нақлиёти фароосиёӣ" дар шаҳри Душанбе қарор гирифт. Дар он зиёда аз 140 намояндаи баландпояи вазоратҳои роҳу нақлиёт, идораҳои гумрку, вазоратҳои тиҷорат ва иқтисод, иттиҳодияҳои соҳибкорӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байнулмилалии молиявӣ ширкат доранд.

Вазири корҳои берунаи Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ дар расми бози ин ҳамоиш гуфт, "мо умедворем, конфаронси мазкур муҳаррики густариш ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангии сиёсати ҳамлу нақл дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ хоҳад шуд." Раиси намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе, Владимир Пряхин гуфт, нақши созмони ӯ сохтани роҳу пул ва долонҳои ҳамлу нақл набуда, балки бунёди корпояест, ки ба кишварҳои муҳот ба хушка дар ёфтани роҳ ба сӯи уқёнус мадад расонад." Дар ҳамин ҳол, ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва зистмуҳитии САҲА, Бернард Снуа гуфт, "Пайванди миёни тиҷорат ва нақлиёт ногусастанист ва ба рушди иқтисодӣ, эътидолу амнияти кишварҳои роғиб замина мегузорад."

Ҳамоиши байнулмилалии "Рушди нақлиёти фароосиёӣ" дар шаҳри Душанбе бо сарпарастии САҲА ва Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар умури кишварҳои рушдкунандаи маҳрум аз роҳҳои дарёӣ таъсис ёфта, ду рӯз идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG