Пайвандҳои дастрасӣ

Фирори 2,5 миллион нафар аз сӯхтор


Дар ҷануби ИМА боди шадид сӯхтори ҷангалҳоро тақвият бахшида, наздик ба дувуним миллион аҳолии аёлати Калифорнияро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кард. Гурӯҳҳои мубориза бо сӯхтор кӯшиш доранд, аз тавсеаи оташ дар ин минтақаи беоб ҷилавгирӣ кунанд. Гуфта мешавад, ки сӯхтор масоҳати 800 километри мураббаъро фаро гирифтааст. Волии Калифония Арнолд Швартснеггер дар ҳафт шаҳристон вазъи фавқулода эълон кард.

XS
SM
MD
LG