Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи эътирозҳои донишҷӯӣ дар Эрон


Эътирози донишҷӯён ба суханронии президент Аҳмадинажод дар Теҳрон, 8-уми октябри соли 2007

Эътирози донишҷӯён ба суханронии президент Аҳмадинажод дар Теҳрон, 8-уми октябри соли 2007

Донишҷӯёни эронӣ -- Аҳсан Мансурӣ, Маҷид Таваккулӣ ва Аҳмад Қасабон барои чопи мақола дар рӯзномаи донишҷӯӣ аз ду то се соли зиндонӣ шудаанд.

Гурӯҳи донишҷӯёни ислоҳталаб ҳамаи иттиҳомотро рад намуда, мегӯянд, айбнома тақаллубӣт ва ҳукми додгоҳ ғайримунсифона аст. Онҳо бар ин ақидаанд, ки ҳамдарсонашон қурбони кӯшишҳои ҳукумат ба решакан кардани дигарандешӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳӣ шудаанд.


Яке аз донишҷӯён ки дар гирдиҳамоии дирӯза ширкат дошт, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи суханронон, аз ҷумла намояндагони дигар донишгоҳҳо озодшавии Мансурӣ, Қасабон ва Таваккулиро талаб кардаанд. Наримон Мустафавӣ иттилоъ дод, ки гирдиҳамоӣ зери чораҳои шадиди амнитяӣ доир гашт, аммо ҳангоми таҷаммӯъ задухӯрдҳо низ ба амал омад.

Шумораи дақиқи ҷамшудагон номаьлум аст, вале аксҳо аз ҷои баргузории гирдиҳамои нишон медиҳанд , ки дар он чандсад нафар ширкат намудаанд. Дар моҳҳои гузашта дар донишгоҳи Амир Кабир чанд бор гирдиҳамоиҳоии этирозӣ алайҳи фишори ҳукумат ба донишчҷӯни фаъол доир гашта буд.

Моҳи декабр донишҷӯёни донишгоҳи Амир Кабир ба боздиди раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод этироз намуда, ӯро диктатор номида будаанд. 8-уми октябр, ҳангоме ки раисиҷумҳури Эрон дар донишгоҳ суханронӣ мекард, даҳҳо донишҷӯ зери шиорҳои зидди Аҳмадинажод бо тарафдорони вай задухӯрд карданд.

XS
SM
MD
LG