Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА метавонад сипарро баъди муддате фаъол кунад


Вазири мудофиаи ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, Вашингтон имкони таъхири марҳилаи фаъолсозии сипари зиддимушакиаш дар Аврупои Марказиро то замони собит шудани таҳдид аз ҷониби Эрон арзёбӣ хоҳад кард. Дар ҷараёни боздиди шаҳри Прага Гейтс гуфт, Вашингтон пешниҳод кардааст, ки дар пойгоҳҳои тарҳрезишуда дар хоки Ҷумҳурии Чех ва Полша ва ё Лаҳистон Русия ҳам ҳузур дошта бошад. Русия ба бунёди чунин як низоми мудофиаи зиддимушакӣ мухолиф аст. Вашингтон исрор меварзад, ки сипар барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди давлатҳои шабеҳи Эрон бунёд хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG