Пайвандҳои дастрасӣ

Гармои дипломатӣ пиромуни тарҳи ҳамлаи Туркия


Алӣ Бобоҷон, вазири корҳои берунаи Туркия

Алӣ Бобоҷон, вазири корҳои берунаи Туркия

Дар як рӯз, дар Бағдод ва Лондон, масъалаи эҳтимоли ҳамлаи Туркия ба ҷудоихоҳони Ҳизби коргари Курдистон дар шимоли Ироқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Туркия, Алӣ Бобоҷон, дар Бағдод гуфт, кишвараш дар мубориза бо терроризм аз чанд абзор -- иқтисодӣ, фарҳангӣ, дипломатӣ ва низомӣ истифода хоҳад кард. Вале гузинаи ҳарбиро танҳо дар ҳоле пеш хоҳад гирифт, ки талошҳои дипломатӣ натиҷа надиҳанд. Вай афзуд, ин талошҳо то ҳол дарвоқеъ натиҷа надодаанд: "Албатта, то имрӯз мо ба муколама ва дипломатия бартарӣ додем. Ва дар идомаи кор низ ба онҳо бартарӣ хоҳем дод. Аммо дипломатия, муколама ва шеваҳои сиёсӣ танҳо абзори мубориза бо терроризм нестанд. Амалиёти ҳарбӣ низ як шева аст ва табъан мо онро низ ба кор хоҳем баст."

Лаҳни сулҳомези вазири Туркия, ҳарчанд вазири умури хориҷӣ, яъне дипломат, бо вазъи воқеъӣ ва фазои изтироболуди марзи Туркияву Ироқ як тазоди қатъиеро ба миён овардаанд. Туркия наздик ба сад ҳазор сарбоз ва даҳҳо ҳазор мошину зиреҳпӯши ҷангии худро дар ин мавзеъ ҷамъ оварда, дар деҳоти марзӣ вазъи ҳарбӣ эълон кардааст ва ба хабарнигорон имкони вуруд ба ин минтақаро намедиҳад.

Анкара мегӯяд, дар шимоли Ироқ наздик ба 3 ҳазор шӯришгари Ҳизби коргари Курдистон паноҳ ёфтаанд. Шабехуни фаромарзии онҳо дар охири ҳафтаи гузашта бо ҳалокати 12 сарбози турк анҷомид ва талабҳои ҳамла ба шимоли Ироқро дар миёни мардуми Туркия ба авҷ расонд.

Низои Туркия бо Ҳизби коргари Курдистон, ки мехоҳад, як қаламрави мустақили курдҳоро дар ҷанубу шарқи Туркия ва шимоли Ироқ бунёд кунад, даҳсолаҳост идома дорад. Дар аввалин моҳҳои сарнагунии ҳокимияти Саддом Ҳусейн аз тарафи эътилофи таҳти сарварии Амрико низ Анкара аз тақвият ёфтани курдҳо дар Ироқ изҳори нигаронӣ карда буд. Сафари вазири корҳои хориҷии Туркия, Алӣ Бобоҷон ба Бағдод дар ҳоле ҷараён мегирад, ки президенти Ироқ, Ҷалоли Талабонӣ, вазири умури хориҷии ин кишвар Ҳушёр Зебарӣ ва раҳбари Курдистони Ироқ, Масъуди Барзанӣ, ки ҳамагӣ курданд, аз ризоияти порлумони Туркия ба мудохилаи ҳарбии Анкара дар шимоли Ироқ изҳори ташвиш кардаанд. Онҳо умедвор шудаанд, ки ҳанӯз метавон аз ҳамлаи Туркия ба шимоли Ироқ ҷилавгирӣ кард. Баъд аз мулоқот бо Бобоҷон, Зебарӣ ба хабарнигорон гуфт: "Мо ба ягон ҳизб ё гурӯҳ, аз ҷумла Ҳизби коргари Курдистон, иҷоза нахоҳем дод, ки муносибатҳои дуҷонибаи моро заҳролуд кунад. Ман ба ҳамтои турки худ итминон додам, ки ҳукумати Ироқ ба Туркия дар бартараф кардани таҳдид ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард."

Ҳарчанд гуфта мешавад, Туркия ва Ироқ дар ин масъала забони муштарак ёфтаанд, маълум нест, ин ваъдаи ҳамдастию ҳамкорӣ то куҷо аз ҳамлаи туркҳо ба шимоли Ироқ ҷилавгирӣ хоҳад кард. Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар нишасти хабарӣ бо ҳамтои бритониёии худ Гордон Браун дар Лондон гуфт, Анкара дар ҳоли интизорист, вале Бағдод бояд бидонад, ки Туркия мандати ҳамларо ҳар лаҳза метавонад ба кор барад.

XS
SM
MD
LG