Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси барномаи ҳаставии Эрон идома меёбад


Имрӯз дар Рим раиси нави ҳайъати музокиракунандаи Эрон Сайид Ҷалилӣ бо тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана мулоқот мекунад.

Ҷалилӣ, ки аз муттафиқони наздики президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба шумор меравад, рӯзи шанбе ба ҷои Алии Лориҷонӣ раиси ҳайъати музокиракунанда таъйин шудааст.

Дар мулоқоти имрӯза ҳам Ҷалилӣ ва ҳам Лориҷонӣ ҳузур хоҳанд дошт. Шореҳон тахмин мекунанд, ки таъйини Ҷалилӣ ишора ба шиддат гирифтани мавқеи Эрон дар баҳси барномаи ҳаставии Теҳрон мебошад. Дар ҷараёни зиёрат аз Арманистон Аҳмадинажод бори дигар таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳаққи истифода аз фанновариҳои ҳаставиро бо касе арзёбӣ намекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG