Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ дар рафъи "таҳдид"-и курдҳо кумак мекунад


Вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ мегӯяд, Бағдод дар рафъи ба истилоҳ "таҳдид"-и ошӯбгарони ҷудоихоҳи курди мустақар дар шимоли Ироқ ба Туркия кумак мерасонад.

Имрӯз дар Бағдод баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Туркия Алӣ Бобоҷон Зебарӣ гуфт:

"Мо ба ягон ҳизб ё гурӯҳ ва аз ҷумла ҳизби коргари Курдистон иҷозат намедиҳем, ки равобитамон бо ҳамсояҳоро заҳролуд кунад. Ман ба вазири корҳои хориҷии Туркия итминон додам, ки ҳукумати Ироқ дар рафъи ин таҳдид ба Туркия ёрӣ мерасонад."

Дар ҳамин ҳол рӯзи сешанбе дар шаҳри Лондон баъди мулоқот бо сарвазири Британия Гордон Браун сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳушдор дод, ки кишвараш наметавонад то абад мунтазир бошад, ки як рӯз ҳукумати Ироқ бар зидди ҷангҷӯёни курд қиём мекунад.

ИМА ва Британия саъй доранд, Туркияро ба худдорӣ аз ҳамла болои пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд воқеъ дар манотиқи шимолии Ироқ водор намоянд.

XS
SM
MD
LG