Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва қазияи Балуҷистони мухториятхоҳ


Ҷом Муҳаммад Юсаф, раиси ҳукумати Балучистон, соли 2006.
Ҷом Муҳаммад Юсаф, раиси ҳукумати Балучистон, соли 2006.

Имрӯзҳо дар ин устон нерӯҳои ҳукумати кишвар бо ҷангҷӯёни мухториятхоҳи сиёсиву иқтисодии ин минтақа даргири мудовимати мусаллаҳона мебошанд. Миллатгароҳои балуҷӣ иддаъо доранд, ки низомиён мехоҳанд ақидаҳои мухталифро бо истифода аз зӯр хомӯш намоянд. Ба фикри онҳо набудани демократияи воқеъӣ сабаби идомаи буҳрон аст. Интихоботи озоду одилонаи умумӣ ва маҳаллӣ, ки дар охири соли равон ва ё ибтидои соли оянда дар Покистон доир мегардад, посух хоҳад дод, ки то ба кадом ҳад ақидаи миллатгароҳои балуҷӣ дуруст ва ё ғалат аст.

Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши буҳронҳо (International Crisis group) менависад, артиши Покистон саъй дорад, эътирозҳои сиёсиву иқтисодии балуҷиҳоро тавассути нерӯи низомӣ ва назорати давлатӣ пахш намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи августи соли 2006 нахуст раҳбари балуҷиҳо Наввоб Акбархон Бугтӣ кушта шуд ва сипас баъди 3 моҳи он раҳбари дигари балуҷиҳо Сардор Ахтарҷон Менгал бо иттиҳоми терроризм дастгир шуда, бидуни эълони кадом як айбномаи возеҳе то кунун дар боздошт ба сар мебарад.

Ҳамчунон ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Покистон ҳазорҳо миллатгарои балуҷӣ ва афроди ҳаводори онҳоро ба ҳабс гирифтаанд. Дар ҳамин ҳол бисёриҳо аслан бе ному нишон шудаанд. Дар ҳоле, ки феълан ҳизбҳои миллатгарои Балуҷистон зери фишор қарор гирифтаанд, шумори бузурги фаъолони ҷавони балуҷӣ эътимод ба муборизаи осоиштаи сиёсиро гум карда, муқовимати мусаллаҳонаро ихтиёр мекунанд.

Муаллифони гузориши «Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши буҳронҳо» таъкид менамоянд, ки низомиёни покистонӣ ба қоидаи бо рӯй овардан ба усули «тафриқа ундозу ҳукумат кун» дар Балуҷистон на аз гурӯҳҳои дунявии балуҷиҳову паштунҳо, балки аз ҳизбҳои исломии амсоли «Ҷамъияти уламои исломӣ»-и Мавлоно Фазлурраҳмон Девбандӣ, ки ҳизби асосии эътилофи пуштибон аз президент Парвиз Мушарраф аст, пуштибонӣ мекунанд. Воқиъан, ин созмон аз моҳи октябри соли 2002 то имрӯз раҳбарии Маҷлиси қонунгузори ин вилоятро бар дӯш дорад.

Дар ин робита пажӯҳандагони байнулмилалии буҳронҳо хотирнишон намудаанд, ки «Ҷамъияти уламои исломӣ» сарпарасти асосии ҳаракати Толибон низ мебошад. Коршиносони сиёсӣ бар ин назаранд, ки Толибон ҳанӯз ҳам вилояти Балуҷистони Покистонро ҳамчун паноҳгоҳ ва пойгоҳи амалиёт дар Афғонистон истифода мебаранд.

Ба иттилоъи ин гурӯҳ, «Ҷамъияти уламои исломӣ» аз шабакаи мадрасаҳои покистонӣ барои муқовимат ба кӯшишҳои эҳёи давлатдории Афғонистон довталаб сафарбар мекунад. Муаллифони гузориш бар чунин ақидаанд, ки ин ҳизби исломӣ дар ихтилофангезӣ миёни Парвиз Мушарраф, президенти Покистон, ва балуҷиҳо саҳим аст, зеро – дар ҳоли баръакс – гурӯҳҳои балуҷӣ муттафиқи табиъии ҳукумат дар мубориза бо ифротгароӣ мешуданд.

Тибқи иттилоъи расида аз ин кишвар, ҳарчанд низомиёни Покистон феълан назорат бар Балуҷистони мухториятхоҳро тавассути силоҳ ба роҳ мондааст, ҳамоно аз пуштибонии мардумӣ дар ин маврид маҳрум мешаванд.

Феълан шӯриши балуҷиҳо дорад аз "хатт"-и маҳаллӣ, қавмӣ, қабилавӣ ва табақавӣ убур мекунад.

«Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши буҳронҳо» бар ин аст, ки президент Мушарраф ба вазъи Балуҷистон бетаваҷҷуҳӣ намуда, барои боздоштани ошӯб ва барқарор сохтани назму суботи сиёсӣ ба қадри кофӣ талош намеварзад.

То ҳол мақомоти Исломобод машваратҳои Кумитаи Сенати ин кишвар дар иртибот мухторияти сиёсиву иқтисодии Балуҷистонро ба инобат нагирифтаанд, ҳарчанд ин силсилаи машваратҳо ҳанӯз моҳи ноябри соли 2005 матраҳ шуда буд.

Ҳамчунин ҳукумати марказӣ қатъномаи Маҷлиси қонунгузори Балуҷистон дар масъалаи барномаи федералии рушдро, ки дастгирӣ нашудааст, нодида мегиранд. Вазъро вокуниши заифи ҳукумат ба борону обхезиҳои тобистони соли 2007 мураккабтар кардааст.

Билохира, «Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши буҳронҳо» бар ин назар аст, ки аз ҳисоби интихоботи озоду одилона ва эҳёи ниҳодҳои ҷамъиятӣ имкон дорад муқовимат миёни марказу Балуҷистон коҳиш ёбад ва дар муқобили ифротгароҳо нерӯҳои муътадил тақвият ёбанд. Муаллифони гузориш хулоса мекунанд, ки бидуни гузариши воқеъии демократӣ дар Балуҷистон ошӯбгарӣ тавсиъа меёбад ва нархи онро мардуми Балуҷистон ва дар чаҳорчӯби миллӣ тамоми аҳолии Покистон пардохт хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG