Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯлоб: талаби ғайриқонунии пул аз беморон


Дар ҳамаи 5 муассисаи табобатии шаҳри Кӯлоб барои ташхиси ултрасадоӣ (ТУС) ё УЗИ аз корафтодагон пул талаб мекунанд.

Ин нуктаро ахиран Набиҷон Шамолов, сардори идораи Оқонсии давлатии назорат бар фаъолияти тиббиву доруворӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ироъа намуд. Ӯ афзуд, дар беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, зоишгоҳи № 1, маркази онкологии шаҳр, машваратхонаи занонаи № 1ва маркази тандурустиву танзими оила аз ҳар муроҷиаткунанда ба андозаи 10 – 15 сомонӣ пул талаб мекунанд, ки «нақзи рӯирости қонуни кишвар оид ба ҳифзи саломатии мардум мебошад».

Набиҷон Шамолов таъкид намуд, ки «Мабнӣ бар қонуни мазкур, хидматҳо барои ТУС (УЗИ) барои беморон ройгон аст, яъне чунин хидматҳои тиббиро давлат аллакай пардохт кардааст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Н. Шамолов, аз рӯи аризаҳои мардум тафтишот ҳанӯз идома дорад, ва дар анҷоми он чораҳоизарурӣ дида мешаванд.

XS
SM
MD
LG