Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арзиши пули Озарбойҷон коҳиш меёбад


Дируз Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон гуфт, вай аз таварруми пул дар кишвараш нигарон аст. Алиев дар ҷаласаи ҳукумати Озарбойҷон гуфтааст, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ пули ин кишвар 16 дарсад арзиши худро аз даст додааст. Раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар ин кор афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон ва боло рафтани нархи колоҳои воридотиро муқассир медонад. Вай гуфтааст, дар бахши иқтисод низ рақобати солим вуҷуд надорад. Соли гузашта рушди иқтисоди Озарбойҷон 35 дарсадро ташкид дода буд.
XS
SM
MD
LG