Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи Ҷорҷ Буш бо раҳбарони Ироқу Туркия


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ба Абдуллоҳ Гул-раиси ҷумҳури Туркия қавл дод, ки Амрико барои мубориза бо шуришиёни курд бо Туркия ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҷорҷ Буш шоми душанбе бо Нурӣ Ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ низ гуфтугу кард. Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки аз ҳамлаи курдҳои шуришӣ аз шимоли Ироқ ба Туркия ҷилавгирӣ мекунанд. Амрико ва Ироқ баъд аз куштори 12 сарбози артиши Туркия ба дасти шуришиёни курд аз Туркия хостаанд, ки аз ҳамла ба шӯришиёни курд дар хоки Ироқ хештандорӣ нишон диҳад. Баъд аз ин куштор то ҳол ҳашт сарбози турк бедарак мебошанд.

XS
SM
MD
LG