Пайвандҳои дастрасӣ

Бен Лоден пайравонашро ба иттиҳод даъват кардааст


Бино ба гузоришҳо, Усома бен Лоден-раҳбари шабакаи Ал Қоъида аз шуришиёни Ироқ хостааст, ки муттаҳид шаванд ва ба тафриқа роҳ надиҳанд. Дар як навори нави садоӣ, ки идаъо мешавад садои Бен Лоден аст, вай хитоб ба пайравонаш гуфтааст, "баъзе аз шумо дар корҳое, ки шуморо муттаҳид мекунад, заъиф ҳастед". Ин наворро дируз телвизюни Ал Ҷазира пахш кард. Воқеъияти ин навор таъйид нашудааст, вале мегуянд, садо ба паёмҳои пешини Бен Лоден шабоҳат дорад. Телвизюни Ал Ҷазира нагуфтааст, ки ин наворро аз куҷо дастрас кардааст.

XS
SM
MD
LG