Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон дар забти маводи мухаддир пешсаф аст


70 дар сади ҳама маводи мухадири дар Осиёи Марказӣ ошкоршуда аз сӯи мақомоти Тоҷикистон бозёфт ва мусодира мешавад. Вакилон – аъзои комисиюнҳои доимии Маҷмааи порлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ зимни баррасии мавзӯъи қочоқи маводи мухадир гуфтанд, ки қочоқи маводи мухаддири Афғонистон манбаъи терроризми байнулмилалӣ ва ифротгароист ва ба сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ таҷдид мекунад.

Вакилон аз талошҳои Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухадир ситоиш карда ҳамчунин гуфтаанд, “Тоҷикистон, ки аз тавлидгарони маводи мухадир нест, бар асари мавқеъи геополитикии худ ба яке аз роҳҳои интиқоли маводи мухаддир табдил шудааст”.

Ба иттилоъи Маҷмааи порлумонии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, аз рӯи ошкор ва мусодираи маводи мухадир Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи саввум ва дар Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд мақоми аввалро соҳиб аст.

XS
SM
MD
LG