Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати нави Лаҳистонро мухолифин таъсис мекунанд


Дар Полша ё Лаҳистон шумориши баргаҳои райъ дар интихоботи порлумонӣ дар арафаи анҷомёбист. Тибқи иттилоъи ахир, ҷунбиши мухолифин мавсум ба “Платформаи шаҳрвандӣ” таҳти сарварии Доналд Туск 41 дар сади райъҳоро соҳиб шудааст. Ҳизби сарвазири феълӣ Ярослав Качинский бо 32 дар сади райъҳо дар мақоми дуввум ҷой дорад. Боз ду неруи сиёсӣ - чапгарову демократҳо ва Ҳизби кишоварзии Лаҳистон соҳиби курсиҳои порлумон шуданд.

Хосе Мануэл Баррозо – Раиси Комиссиюни Аврупо имрӯз гуфт, ӯ бовар дорад, ки бо ҳукумати нави Лаҳистон ҳамкории хубро ба роҳ хоҳанд монд. Ҷаноби Баррозо афзуд, “ман ҳеҷ гаҳ шубҳа надоштам, ки мардуми Лаҳистон ба ғояҳои ҳамоиши аврупоӣ ва демократия содиқ хоҳанд монд”.

Интизор меравад, ки ҳукумати нави Лаҳистонро мухолифин дар ҳамдастӣ бо яке аз неруҳои пирӯз дар интихоботи порлумонӣ таъсис кунанд
XS
SM
MD
LG