Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия неруҳояшро ба марзи Ироқ интиқол медиҳад


Туркия таҷаммӯъи неруҳои худ дар марз бо Ироқро идома медиҳад. Ба иттилоъи хабаргузории Ассошейтед Пресс , имрӯз корвони мошинҳои низомӣ иборат аз 50 зиреҳпӯшу мошинҳои ҷангӣ бо сарбозону силоҳ ҷониби шаҳри марзии Улудере роҳ гирифт. Мақомоти Туркия мегӯянд, ки онҳо барои посухи густарда ба мусаллаҳони Ҳизби Коргарии Курдистон, ки пойгоҳашон дар шимоли Ироқ ҷойгир аст, омодагӣ мегиранд.

Дар ҳамин ҳол имрӯз ҳам ҳудуди 3 ҳазор нафар сокинони Истамбул ба хиёбонҳои шаҳр рехта намоиши эътирозӣ алайҳи куштори 12 сарбози кишвар дар як ҳамлаи ғофилгирона дар марз бо Ироқро идома доданд. Намоишҳо дирӯз баъди пахши хабар дар бораи ҳалокати низомиёни турк шурӯъ шуданд. Намоишгарон ҳамчунин аз сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон барои он интиқод карданд, ки баъди ин ҳодиса барои ҳамлаи фаврӣ ба пойгоҳҳои Ҳизби Коргарии Курдистон дар шимоли Ироқ фармон надод.

Имрӯз Туркия дар посух ба даъвати Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс барои кор гирифтан аз сабурӣ ва хештандорӣ аз Вошингтон хост то алайҳи ошубгарони курд аз чораҳои оҷил кор гирад.

Рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи ғофилгиронаи мусаллаҳони курд дар марз бо Ироқ 12 низомии турк кушта шуданд. Низомиёни Туркия гуфтанд, ки дар ҳамлаи ҷавобии онҳо беш аз 30 тан аз мусаллаҳони курд ба ҳалокат расиданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG