Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ва курдҳои шимоли Ироқ


Мурод Карайилон, раҳбари РКК, ҳангоми мусоҳиба дар кӯҳистони Қандил (Курдистони Ироқ, октябри соли 2007).

Мурод Карайилон, раҳбари РКК, ҳангоми мусоҳиба дар кӯҳистони Қандил (Курдистони Ироқ, октябри соли 2007).

Баъд аз он ки дар натиҷаи як даргирӣ дар минтақаи фаромарзии Ироқу Туркия 12 сарбози туркӣ ва 32 шӯришгари курд кушта шуданд, ҳукумати Туркия ваъда дод алайҳи ҷудоиталабони курд чораҳои сахт рӯи даст хоҳад гирифт.

Интизор меравад, ки Абдулло Гул, раисиҷумҳури Туркия, ва нахуствазир Реҷеп Таййиб Эрдуғон, барои баррасии чораҳои ҷавобӣ бар зидди ошӯбгарон бо мақомдорони аршади Вазорати дифоъ ва фармондеҳони баландмақоми артиши кишвар мулоқот кунанд. Туркия дар анҷоми ин ҳамла ҷангҷӯён аз Ҳизби Коргари Курдистон (PKK)-ро айбдор мекунад.

Нахуствазири кишвар Эрдуғон эълом дошт, ки ҳукумат омода аст аз иҷозаи парлумони Туркия истифода барад ва дар минтақаҳои фаромарзии Ироқи шимолӣ алайҳи пойгоҳҳои PKK амалиёти низоми анҷом диҳад.

Аз соли 1984, замоне ки PKK барои истиқлолият ба муборизаи мусаллаҳона шурӯъ намуд, дар ҷанубу шарқи Туркия беш аз 37 000 нафар ба ҳалокат расид, ки аксарияти онҳоро курдҳо ташкил медиҳанд.

Ва ин дар ҳолест, ки Ҷалол Толибонӣ, раисиҷумҳури Ироқ, ки худаш курдасл аст, аз шӯришгарони курдии Туркия даъват намуд силоҳро ба замин гузоранд. Аммо зимни мулоқоташ бо раҳбарони минтақаи худмухтори курднишини Ироқ ӯ гуфт, ки масъалаи истирдоди курдҳо ба Анқара мавриди баррасӣ қарор намегирад.

Маҳмуд ал-Машҳадонӣ, раиси парлумони Ироқ, дар робита ба қарори парлумони Туркия, ки ба артишаш дар минтақаҳои фаромарзии кишвари ҳамсоя анҷоми амалиёти низомиро иҷозат медиҳад, гуфт: «Бо назардошти онки порлумони Ироқ ҳамагуна ҳамлаҳои низомии аз дохили Ироқ ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя анҷомшавандаро, ки қотеъона маҳкум мекунад, аз аъзои мусаллаҳи Ҳизби Коргари Курдистон ва PKK талаб дорад хоки Ироқро тарк гӯянд ва пешниҳод мекунад ҳукумати кишвар барои мутаваққифсозии фаъолияти ин аҳзоб чораҳои лозимаро рӯи даст бигирад».

Ҳукумати Туркия феълан рӯи даст гирифтани чораҳои лозима алайҳи шӯришгарони курдро эълом намуд, ҳарчанд гуфта намешавад, ки ин чи чораҳое хоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG