Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Болоравии сатҳи зойиш дар Бадахшон


Бино ба иттилоъи маркази омори идораи тандурустии вилояти Бадахшон, тайи 9 моҳи ахир дар вилоят 2 ҳазору 234 нафар тифл таваллуд шудааст, ки назар ба соли гузашта 41 нафар бештар мебошад.

Гуфта мешавад, тайи солҳои ахир шумораи навзодон дар Бадахшон ба суръат кам мешуд ва бори аввал аст, ки чунин болоравӣ мушоҳида мешавад.

Соҳибназарони маҳаллӣ сабаби поин будани сатҳи зойиш дар ин вилоятро дар бӯҳрони иҷтимоиву иқтисодии ин минтақа ва камбағалии мардум мебинанд.

XS
SM
MD
LG