Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин бо НАТО наздиктар хоҳад шуд


Укроин сиёсати наздикшавии ботаҷриҷ бо НАТО-ро татбиқ хоҳад кард. Ба ин нукта раисиҷумҳур Виктор Юшенко дар Киев, дар нишасти Шӯрои вазирони дифоъи кишварҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ таъкид кард. Ин Шӯро соли 1996 бо ибтикори Иёлоти Муттаҳида таъсис шудааст. Дар чаҳорчӯби нишаст имрӯз Виктор Юшенко ва вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида Роберт Гейтс масоили марбут ба низоъҳои, ба истилоҳ, «мунҷамидшуда” дар қаламрави Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд ва ҳамкории Укроин бо НАТО-ро баррасӣ мекунанд.

Дирӯз вазири дифоъи Укроин Анатолий Гритсенко баъди мулоқот бо Роберт Гейтс изҳор кард, ки дар кишвараш чун пештара мавзӯъи интиқоли низомиҳо ба Афғонистон матраҳ нест.

XS
SM
MD
LG