Пайвандҳои дастрасӣ

Боқиев порлумони Қирғизистонро пароканда кард


Қурмонбек Боқиев – раисиҷумҳури Қирғизистон бар пояи натоиҷи райъпурсии рӯзи якшанбе оид ба вуруди тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ, дар бораи парокандасозии порлумон амр содир кард. Рӯзи интихоботи қабл аз вақт ба Жогорку Кенешро раисиҷумҳур баъди нашри натоиҷи расмии райъпурсӣ эълон мекунад.

Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон дар райъпурсии дирӯза тақрибан 80 дар сади мардуми соҳиби ҳақи райъ ширкат доштанд ва 75 дар сади онҳо аз тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ пуштибонӣ карданд. Алайҳи ин санад фақат 4 дар сади мардум раъй додаанду халос. Ва аммо бархе аз намояндагони мухолифин ба натоиҷи райъпурсӣ бо назари шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ки дар ин маърака фақат ҳудуди 35 дар сади интихобкунандагон ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG