Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон: қатъи фаъолияти як созмони динӣ


Ахиран вазорати фарҳанги кишвар фаъолияти созмони мазҳабии «Шоҳидони Яҳуво»-ро, ки аз соли 1997 расман дар ин мамлакат фаъолият дошт, дар қаламрави Тоҷикистон манъ кардааст. Чунонки дар сарраёсати умури дини вазорат тасдиқ намуданд, ин ниҳод пас аз сарпечии пайравони ин мазҳаб аз хидмати аскарӣ дар сафҳои артиши миллии кишвар ва фаъолияти ғайриқонунӣ ин созмон дар қаламрави Тоҷикистон чунин тасмимро гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз дар соли 2005 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон созмони мазкурро барои 3 моҳ мутавақиф карда буд, то «Шоҳидони Яҳуво» фаъолияти худро танзим кунад, вале

то кунун ин талаби вазорат иҷро нашудааст.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир беш 1000 сокини Тоҷикистон, ки намоянадагони миллатҳои мухталиф, аз ҷумла тоҷикон, ҳастанд, аъзои ин созмони мазҳабӣ мебошанд.

XS
SM
MD
LG