Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони кунунии Қирғизистон пароканда мешавад?


Дар райпурсии Қирғизистон райдиҳандагон аз тағиру иловаҳо дар Қонуни асосии ин кишвар ҷонибдорӣ кардаанд. Дируз дар Қирғизистон райпурсии ҳамагонӣ баргузор шуд ва тибқи хабари Кумисюни марказии интихоботӣ 75 дарсади интихобкунандагон ҷонибдори афзоиши салоҳияти порлумон шудаанд ва ҳамзамон аз тақвияти салоҳияти раиси ҷумҳур ҳимоят кардаанд. 4 дарсади дигар райи мухолиф додаанд. Кумисюни мазкур мегуяд, аз ононе, ки дар райпурсӣ ширкат доштаанд, 76 % ба ҷонибдорӣ аз тағйиру иловаҳое рай додаанд, ки тибқи он бояд шумораи намояндагони порлумон афзоиш ёбад ва дар низоми интихоботӣ тағирот ба амал ояд. Ин иловаҳо салоҳияти Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳурро бештар мекунад ва интизор меравад, ки акнун вай порлумони кунуниро пароканда ва интихоботи зудҳангом эълон кунад.

XS
SM
MD
LG