Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба Эрон


Дик Чейнӣ-муовини раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Амрико ва муттаҳидонаш ба Эрон иҷоза нахоҳанд дод, ки соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад. Оқои Чейнӣ ҳушдор дод, ки агар Эрон ба ғанисозии урониюм идома диҳад, ба паёмадҳои ҷиддии он рубару хоҳад шуд. Вай ин нуктаро зимни суханони худ дар Пажуҳишгоҳи Сиёсати Ховари Наздик баён дошт. Аммо Эрон мегуяд, ки аслиҳаи ҳастаӣ иҷод намекунад ва барномаҳои ҳастаиаш сулҳомез мебошанд.

XS
SM
MD
LG