Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 49 нафар дар Бағдод


Рӯзи якшанбе аснои амалиёт дар шаҳраки Садри канори шарқии пойтахти Ироқ камаш 49 нафар кушта шуданд. Низомиёни ИМА мегӯянд, дар шаҳраки Садр нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ амалиёт пиёда намуда, тахминан 49 ҷинояткорро ба қатл расонданд. Ҳадаф аз ин амалиёт боздошти раҳбари гурӯҳе будааст, ки аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ шуда, дар одамрабоӣ даст доштааст. Аммо полиси Ироқ ва табибони маҳаллӣ иброз доштанд, ки дар амалиёт занону кдакон ҳам ба ҳалокат расидаанд. Низомиёни ИМА мегӯянд, ки дар бораи талафот миёни мардуми осоишта ҳеҷ иттилое надоранд.
XS
SM
MD
LG