Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқдоми Туркия дар шимоли Ироқ


Имрӯз баъди куштори 12 сарбози туркӣ ва 32 ошӯбгари курд бар асари як бархӯрди мусаллаҳона дар ҷанубу шарқи Туркия мақомоти ин кишвар ваъда доданд, ки бар зидди ҷудоихоҳони курд иқдомҳои шадид қабул хоҳанд кард. Президенти Туркия Абдуллоҳ Гул, сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон, вазирони воломақом ва фармондеҳони низомӣ шоми имрӯз вохӯрда, посухи муносиб ба ҳамларо арзёбӣ мекунанд. Мақомоти Туркия ҳизби коргари Курдистонро масъули ҳамла мешуморанд. Сарвазир Эрдуғон гуфт, ҳукумат ҳозир аст, иҷозати 17-уми октябр аз тарафи порлумон тақдим шударо истифода бурда, дар шимоли Ироқ болои пойгоҳҳои Ҳизби коргари Курдистон (РКК) юриш роҳандозӣ намояд. Аз соли 1984-замоне, ки РКК бо мақсади мухторият бар зидди ҳукумати Туркия қиём намудааст, дар манотиқи ҷанубу шарқии курднишини Туркия беш аз 37 000 нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG