Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш хатлониҳоро аз гази табиӣ маҳрум кард


Хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа иттилоъ медиҳад, ки бар асари таркиши лӯлаи газгузари Колхозобод- Қӯрғонтеппа беш аз 100 ҳазор сокини маркази устони Хатлон: шаҳри Қӯрғонтеппа ва бархе аз сокинони ноҳияи Бохтари ин вилоят аз таъминоти гази табиӣ маҳрум шудаанд.

Маҳмудҷон Хоркашев масъули корхонаи Қӯрғонтеппа-газ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки феълан ходимони ин муассиса барои бартараф намудани садама сафарбар шудаанд. Ӯ афзудааст, ки лӯлаҳои газгузар бист сол беш аз меъёр кор фармуда мешаванд, ки дар натиҷа рух додани ин гуна садамаҳоро интизор бояд шуд.

Ҳамин ақидаро Маҳмадраҷаб Мусайябов, ходими дигар идораи таъмини гази ин устон, тасдиқ кардааст.

Таркиш талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст. Масъулон ваъда додаанд, ки интиқоли газ дар давоми ду рӯз барқарор карда мешавад.
XS
SM
MD
LG