Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон: амалиёти Туркия дар Ироқ натиҷа нахоҳад дод


Эрон даъват кардааст, ки нақшаи юриши низомии Туркия бар зидди ҷудоихоҳони курд дар муколамаи дипломатӣ миёни Туркияву Ироқ баҳс шавад. Ошӯбгарони курд, ки асли туркӣ доранд, дар шимоли Ироқ паноҳ бурдаанд. Муҳаммад Алӣ Ҳусейнӣ сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, ин амали Туркия ба ғайр аз нооором намудани шимоли Ироқ ҳеҷ кори дигареро ба сомон намерасонад. Мансабдорони ироқиву амрикоӣ аз Туркия даъват кардаанд, ки барномаи юришро канор гузорад. Ба гуфти онҳо амалиёт метавонад оромтарин гӯшаи Ироқро бесубот кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG