Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Полша интихоботи Маҷлиси қонунгузор доир шуд


Рӯзи якшанбе раъйдиҳандони Полша ва ё Лаҳистон парламенти нави ин кишварро интихоб мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин маърака сабқати шадид миёни ҳаводорон ва мухолифини сарвазир Ярослав Качинский ба амал меояд. Ӯ бародари дугоники президенти Полша Лех Качинский мебошад. Назархоҳиҳои пешакӣ нишон медоданд, ки ҳизби мухолифи либерал: Пойгоҳи шаҳрвандӣ назар ба ҳизби Қонун ва Адолати бародарон Качинскийҳо пешдастӣ дорад. Интихоботи парламентии Полша ду сол пеш аз мӯҳлат барпо шуд, зеро ҳизби Қонун ва Адолат ҳамроҳ бо чанд ҳизби ҳурд аз ӯҳдаи ташкили ҳукумати эътилофии устувор набаромад.

XS
SM
MD
LG