Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷопониро аз Эрон ба Покистон бурданд


Мақомоти Эрон гуфтаанд, як ҷавони ҷопонӣ, ки дар қаламрави ин кишвар рабуда шудааст, аз ҷониби рабояндаҳояш ба марзи Покистон интиқол дода шудааст.

Сухангӯи ҳукумати Эрон Ғуломаҳусайн Илҳом гуфт, ки одамрабоён марбут ба гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир мебошанд.

Мақомоти Эрон қаблан гуфта буданд, ки полис дар талоши озодсозии донишҷӯи ҷопонӣ мебошад. Аммо баъди он ки полис талаби гурӯҳи қочоқчиёнро дар мавриди табдили ҷавони ҷопонӣ бо писари раҳбари гурӯҳи одамбароён рад кард, онҳо ба марзи Покистон фирор карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG